Абёте аз Мавлоно
Ман гунаҳкори туам, раҳме бикун,
Бармакан якборагим аз беху бун.
Кофири пир ар пушаймон мешавад,
Чунки узр орад, мусулмон мешавад.
Ҳазрати пурраҳмат асту пуркарам,
Ошиқи ӯ ҳам вуҷуду ҳам адам.
Куфру имон ошиқи он кибриё,
Миссу нуқра бандаи он кимиё.
***
Дар ин чанд байт, Мавлоно хитоб ба Ҳақ Таоло суханоне баён медорад ва ин аз шеваи ӯст, ки зимни тавсифи мазҳар ва ё махлуқ, ногаҳон рӯи суханро мутаваҷҷеҳи Холиқ мекунад ва ба истилоҳ, гиреҳе мезанад:
Ман гунаҳкори туам, раҳме бикун,
Бармакан якборагим аз беху бун.
Худоё! Ман дар баробари ту гуноҳ кардаам ва гуноҳкорам, раҳме бифармо ва якбора маро аз беху бун бармаяндоз.
Кофири пир ар пушаймон мешавад,
Чунки узр орад, мусулмон мешавад.
Агар пири кофире, ки умреро дар куфр ба сар карда ногаҳон пушаймон шавад ва аз тақсири пешини худ узр бихоҳад, дар шумори яктопарастон ҷой мегирад ва тавбааш мақбули даргоҳи ту мешавад.
Ҳазрати пурраҳмат асту пуркарам,
Ошиқи ӯ ҳам вуҷуду ҳам адам.
Худовандо! Ҳазрат ва остони шарифи ту раҳматаш бисёр ва карамаш беинтиҳост. Вуҷуду адам ошиқи ӯст.
Куфру имон ошиқи он кибриё,
Миссу нуқра бандаи он кимиё.
Куфру имон ошиқи он зоти азим аст ва мису нуқра бандаи он кимиёст.
Нукта: Пас ҳамаи мавҷудот аз пасттарин то бартарини онҳо ошиқи ӯст. Ва ин ишқу шавқ ҷорист дар ҳамаи мавҷудот. (Аш–шавоҳид–ур-рубубия, с.147-148). Мису нуқра вуҷуди одамиёнро ба тиллои ноби маъно табдил мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.730)
qalamonline.net
Қаламонлайн













