Агар Амрико ҷанге роҳ биандозад, ҷанги минтақаӣ хоҳад буд
Ахбори байналмилал
Омрико бидонад агар ин дафъа ҷанге роҳ биандозад, ин ҷанг, ҷанги минтақаӣ хоҳад буд
Раҳбари Ҷ.И.Эрон таъкид кард: “Миллати Эрон дар муқобили матомеи Омрико муҳкам сина сипар карда, истода ва хоҳад истод ва онҳоро аз азият кардан маъюс хоҳад кард.”
Вай, бо ишора ба таҳдидҳои омрикоиҳо дар бораи ҷанг ва истифода аз фалон ҳавопаймо, гуфт: “Ин ҳарфҳо ҷадид нест ва дар гузашта низ борҳо таҳдид мекарданд, ки ҳамаи гузинаҳо рӯйи миз аст; ҳоло ҳам ин оқо мураттабан иддаоҳое аз ин қабил мекунад, ки мо нов овардаем.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ афзуд: “Миллати Эронро набояд аз ин чизҳо тарсонд; миллати Эрон таҳти таъсири ин ҳарфҳо қарор намегирад. Албатта мо шурӯъкунанда нестем ва намехоҳем ба касе зулм ва ба кишваре ҳамла кунем, аммо миллати Эрон ба касе, ки тамаъ дошта бошад ва бихоҳад ҳамла ва азият кунад, мушти муҳкаме хоҳад зад.”
Раҳбари Ҷ.И.Эрон таъкид кард: “Албатта инро ҳам омрикоиҳо бидонанд, ки агар ин дафъа ҷанге роҳ биандозанд, ин ҷанг, ҷанги минтақаӣ хоҳад буд.”
Қаламонлайн
qalamonline.net













