Агар ин доно будӣ…
Ду ҳикоят аз Гулистони Шайх Саъдии Шерозӣ
Ду кас ранҷи беҳуда бурданд ва саъйи бефоида карданд: яке он, ки андӯхту нахӯрд, ва дигаре он, ки омӯхту накард.
Илм чандон, ки бештар хонӣ,
Чун амал дар ту нест, нодонӣ.
На муҳаққиқ бувад, на донишманд,
Чорпое, бар ӯ китобе чанд.
Он тиҳимағзро чӣ илму хабар,
Ки бар ӯ ҳезум аст ё дафтар?
(Гулистон)
Ҳикоят
Ҷолинус аблаҳеро дид, даст дар гиребони донишманде зада ва беҳурматӣ ҳамекард. Гуфт:
– Агар ин доно будӣ, кори вай бо нодон бад-ин ҷо нарасидӣ.
Ду оқилро набошад кину пайкор,
На доное ситезад бо сабукбор.
Агар нодон ба ваҳшат сахт гӯяд,
Хирадмандаш ба нармӣ дил биҷӯяд.
Ду соҳибдил нигаҳ доранд мӯе,
Ҳамедун саркаше в-озармҷӯе.
В-агар бар ҳар ду ҷониб ҷоҳилонанд,
Агар занҷир бошад, бигсалонанд.
* * *
Якеро зиштхӯе дод дашном,
Таҳаммул карду гуфт: эй некфарҷом!
Батар з-онам, ки хоҳӣ гуфтан, онӣ,
Ки донам, айби ман чун ман надонӣ.
(Гулистони Саъдӣ)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: