Азамати Саъдӣ

Фарҳанг

Азамати Саъдӣ

Адабиёти форсӣ

“Саъдӣ шеъре дорад дар тавҳид, ки мегӯяд:

Аз дари бахшандагиву банданавозӣ,

Мурғи ҳаворо насибу моҳии дарё.

Ин шеърро мешавад ҳамин тавр хонд, ки маънояш ин мешавад: Худованд ончунон бахшанда ва банданавозе аст, ки барои инсон мурғи ҳаворо насиб карда ва моҳии дарёро. Дар ин ваҷҳ “банда” ихтисос ба инсон дорад; яъне Худо рӯзии ин мавҷуди хокӣ ва барриро, ҳам аз ҳаво қарор дода ва ҳам аз дарё.

Ҳамин шеър мумкин аст ба ин сурат хонда шавад:

Мурғи ҳаворо насиби моҳии дарё.

Яъне Худо ҳайвони ҳавоиро насиби ҳайвоне, ки дар дарё зиндагӣ мекунад қарор медиҳад.

Ҳамчунин мешавад ин тавр хонд:

Мурғи ҳаворо насиб моҳии дарё.

Яъне моҳии дарёро насиби мурғи ҳаво карда.

Ва низ мешавад ин тавр хонд:

Мурғ ҳаворо насибу моҳӣ дарё.

Яъне насиби мурғ ҳаворо кардааст ва насиби моҳӣ дарёро.

Ва низ ин тавр:

Мурғ ҳаворо насибу моҳии дарё.

Яъне мурғ, ҳам ҳаво насибаш шуда ва ҳам моҳии дарё.

Ва низ ин тавр:

Мурғи ҳаворо насиби моҳиву дарё.

Яъне мурғи ҳаво ва дарёро насиби моҳӣ кардааст.

Ҳамаи ин маонӣ метавонад дар они воҳид дуруст ва саҳеҳ бошад…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ, Ошноӣ бо Қуръон)

Қаламонлайн 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ошуфтагии Натонёҳу аз хабарҳои марбут ба тавофуқи Эрон ва Омрико
Дастуруламали убур аз тангаи Ҳурмуз

Матолиби пурбоздид