Аз некӣ дареғ нанамоед

Адаб

Аз некӣ дареғ нанамоед

Паёмбари Акрам(с) фармуданд:

Мӯъмин ҳамвора дар ҷустуҷӯи ҳикмат аст.

Диловартарини мардум он аст, ки бар ҳавои нафс ғолиб ояд.

Ҳарчӣ фарзанди Одам пиртар мешавад, ду сифат дар ӯ ҷавонтар мегардад: ҳирс ва орзу.

Ду гурӯҳ аз уммати ман ҳастанд, ки агар салоҳ биёбанд, уммат салоҳ меёбад ва агар фосид шаванд, уммати ман фосид мешавад: уламо ва ҳукком.

Наметавон ҳамаро ба мол розӣ кард, аммо ба ҳусни хулқ метавон.

Нодорӣ балост, аз он бадтар бемории тан, ва аз бемории тан душвортар, бемории дил.

Мусалмон касе аст, ки мусалмонон аз дасту забони ӯ дар осойиш бошанд.

Дар рафтор бо занон, аз Худо битарсед ва он чӣ дар бораи онон шояд, аз некӣ дареғ нанамоед.

Парвардигори ҳама якест ва падари ҳама яке, ҳама фарзанди одамизод ва Одам аз хок аст. Гиромитарини шумо назди Худо, парҳезкортарини шумост.

Аз лаҷоҷат бипарҳезед, ки ангезаи он, нодонӣ ва ҳосили он, пушаймонист.

Бадтарини мардум касе аст, ки гуноҳро набахшад ва аз лағзиш чашм напӯшад, ва боз аз ӯ бадтар касе аст, ки мардум аз газанди ӯ дар амон ва ба некии ӯ умедвор набошанд.

Чун туро ситойиш кунанд, бигӯ: Эй Худо! Маро беҳтар аз он чӣ гумон доранд бисоз ва он чиро аз ман намедонанд, бар ман бибахш ва маро масъули он чӣ мегӯянд, қарор мадеҳ!

Субҳу шоме бар мӯъмин намегузарад, магар он ки бар худ гумони хато бибарад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Омаданам баҳри чӣ буд?
Ниёиш

Матолиби пурбоздид