Айбу нақси худро дар дигарон мебинӣ

Адаб

Айбу нақси худро дар дигарон мебинӣ

Мактаби инсоният

Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ

Мавлоно гӯяд:

“Агар дар бародари худ айб мебинӣ, он айб дар туст, ки дар ӯ мебинӣ…

Гуфт: Пилеро оварданд бар сари чашмае, ки об хӯрад. Худро дар об медид ва мерамид. Ӯ мепиндошт, ки аз дигарӣ мерамад, намедонист, ки аз худ мерамад.

Ҳамаи ахлоқи бад – аз зулму кину ҳасаду бераҳмиву кибр – чун дар туст намеранҷӣ. Чун онро дар дигарӣ мебинӣ, мерамӣ ва меранҷӣ…”

(Фиҳӣ мо фиҳӣ, с.78)

Ба ин мазмун, дар Маснавӣ низ фармояд:

Эй басо зулме, ки бинӣ дар касон,

Хӯйи ту бошад дар эшон, эй фалон!

Андар эшон тофта ҳастии ту,

Аз нифоқу зулму бадмастии ту.

Он туӣ в-он захм бар худ мезанӣ,

Бар худ он дам тори лаънат метанӣ.

Дар худ он бадро намебинӣ аён

В-арна душман будаӣ худро ба ҷон.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Қаноат ва озодӣ
Давои шифобахш

Матолиби пурбоздид