Амири Қатар хитоб ба Оятуллоҳ Хоманаӣ: “Истодагии шумо дар канори мардуми Фаластин, фаромӯш нахоҳад шуд!”
Байналмилал
Шайх Тамим ибни Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар, дар дидор бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Эрон, аз мавозеи Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳимоят аз мустазъафони ҷаҳон ва мардуми Фаластин қадрдонӣ кард ва хитоб ба раҳбари Эрон гуфт: “Ҳеч гоҳ истодагии ҷаноби олӣ дар канори мардуми Фаластин, фаромӯш нахоҳад шуд!”
Ба гузориши хабаргузории Форс, Оятуллоҳ Хоманаӣ дар дидори шайх Тамим ибни Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар ва ҳайати ҳамроҳ, бо таъкид бар ин ки густариши равобит бо ҳамсоягон, сиёсати қатъии Ҷумҳурии Исломӣ аст, гуфт: “Яке аз сиёсатҳои эъломии давлати оқои Пизишкиён низ густариши равобит бо ҳамсоягон аст ва ба лутфи Худованд дар ин замина корҳои хубе анҷом гирифта ва пешрафтҳое низ ҳосил шудааст ва оқои Ироқчӣ, вазири мӯҳтарами умури хориҷа дар ин арса фаъол ва пуртаҳаррук аст.”
Раҳбари Эрон изҳори умедворӣ кард: “Тавофуқҳои анҷомшуда дар Теҳрон ба суди ҳар ду кишвар бошад ва ду тараф битавонанд беш аз пеш ба вазоифи ҳамсоягии худ амал кунанд.”
Оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор ҳамчунин бо ишора ба изҳороти амири Қатар дар бораи масоили минтақа, афзуд: “Мо кишвари Қатарро як кишвари дӯст ва бародар медонем, агарчӣ ҳамчунон масоили мубҳам ва ҳалнашудае ҳамчун бозгардондани мутолиботи Эрон, ки аз Куреи Ҷанубӣ ба Қатар мунтақил шуд, боқӣ аст ва ҳам ин ки медонем монеи аслии амалӣ шудани тавофуқе, ки дар ин замина анҷом шуда буд, Омрикост.”
Вай хотирнишон кард: “Мо агар ҷойи Қатар будем, ба фишорҳои Омрико эътино намекардем ва мутолиботи тарафи муқобилро бозмегардондем ва ҳамчунон интизори чунин иқдомеро аз ҷониби Қатар дорем; тафовуте миёни раисони ҷумҳури Омрико нест.”
Дар ин дидор, ки оқои Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон низ ҳузур дошт, оқои шайх Тамим ибни Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ, амири Қатар, зимни изҳори хурсандӣ аз дидор бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, аз мавозеи Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳимоят аз мустазъафони ҷаҳон ва мардуми Фаластин қадрдонӣ кард ва хитоб ба раҳбари Эрон гуфт: “Ҳеч гоҳ истодагии ҷаноби олӣ дар канори мардуми Фаластин, фаромӯш нахоҳад шуд!”
Амири Қатар бо ишора ба шароити хосс ва сахти минтақа, ин шароитро ниёзманди ҳамкории бештари кишварҳои минтақа донист.
Оқои шайх Тамим ибни Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ ҳамчунин бо ишора ба тавофуқҳои анҷомшуда миёни Эрон ва Қатар, аз ҷумлаи эҳдоси тунеле дар зери об миёни ду кишвар, хотирнишон кард: “Бар асоси тавофуқи анҷомшуда, комиссияи муштараки ду кишвар ба зудӣ фаъол хоҳад шуд ва дар ояндаи наздик ҳаҷми мубодилоти иқтисодӣ афзоиш хоҳад ёфт.”
Farsnews
Qalamonline.net