Амрико таҳримоти нафтии Венесуэларо коҳиш додааст

Амрико таҳримоти нафтии Венесуэларо коҳиш додааст

Ахбори ҷаҳон

Бар асоси гузоришоти ахир, Амрико таҳримоти нафтии Венесуэларо коҳиш додааст ва ба гуфтаи коршиносон ин иқдом ба Венесуэла имкон медиҳад, ки нафти худро, на танҳо ба Амрико, балки ба дигар кишварҳо низ бидуни мамониат ба фурӯш бирасонад.

Коршиносон гуфтаанд, дар ҳоле ки на сиёсатҳои кишвари Венесуэла тағйир кардааст ва на Модуро раиси ҷумҳури ин кишвар аз қудрат рафтааст, аммо Амрико таҳримҳои нафтии ин кишварро коҳиш додааст ва ин ба он маъност, ки барои Амрико ва ҳампаймонони ғарбиаш фақат манофеъ муҳим будааст.

Коршиносон изҳори назар намуда гуфтаанд, Амрико ва ғарб иддао доранд, ки таҳрим абзори танбеҳи давлатҳост, дар ҳоле ки ин иддао ғайривоқеъ буда ва фақат василаи контрол ва мудирияти бозори ҷаҳонӣ мебошад.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Достони хурӯс ва соҳибаш
Муҳокимаи истиқлолталабон дар Узбекистон

Матолиби пурбоздид