Андаке тафаккур

Адаб

Андаке тафаккур

Имрӯз маҷбур шудам ба самти сарбозе тир холӣ кунам, ки вақте рӯи замин афтод, исми занашро садо мекард. Мария… Мария… ва баъд дар пеши чашмони ман мурд.

Ба гарданаш овезае буд, ки акси худаш ва духтараки камсинну соле дар он буд. Ҳадс задам Мария аст.

Аз худам бадам омад.

Ман маъмулан пои афродро нишона мегирам. Саъй мекунам онҳоро накушам. Фақат захмӣ кунам то ба дунболи мо наоянд. Аммо вақте пои ин сарбозро нишона гирифтам, ногаҳон хам шуд ва тир ба синааш хӯрд.

Ҳоло Марияи ҷавон чӣ қадар бояд мунтазири ӯ бимонад.

Чӣ қадар бояд шолу пироҳани гарм бибофад, ки як рӯз мардаш аз ҷанг баргардад.

Мария ҳатто намедонад, ки мардаш зери борон барои охирин бор фақат исми ӯро садо зад.

Ҷанг бадтарин фикри башар аст…

Аз бачагӣ фикр мекардам, магар одамҳо маҷбуранд бо ҳам биҷанганд ва ҳоло мебинам, бале. Гоҳе маҷбуранд… Чун онҳое, ки дастури ҷангро медиҳанд, зери борон нестанд.

Миёни гилу лой нестанд ва бо фикри чашмони сабзи Мария намемиранд.

Онҳо дар хонаҳои гармашон нишастаанд. Сигор мекашанду дастур медиҳанд… Кош аслиҳаамро ба самти раисоне мегирифтам, ки дар хонаҳои гармашон нишастаанд. Бачаҳояшон дар истахр шино мекунанд ва онҳо бо як худнависи гарон, ҳукми марги ҳазорон ҳамсари Марияҳоро имзо мекунанд. Роҳаттар аз навиштани як салом.

Андре Малро

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи Яман ба як ҳадафи ҳаётӣ дар Телавив бо мушаки фаросавт
Эҳтимоли кушта шудани Ҷулонӣ

Матолиби пурбоздид