Андешаҳои сиёсии Имом Абӯҳанифа (р) 

Андешаҳои сиёсии Имом Абӯҳанифа (р) 

Бахши дуввум

Фасли дуввум: Мардум ва ҷомеа

1) Озодии баён:

Ҳаққи озодии баён, аз ҷумлаи муҳимтарин ҳуқуқи сиёсии мардум аз назари Имом Абӯҳанифа ба шумор меояд. Шояд битавон гуфт, аз асоситарин ҳуқуқи иҷтимоӣ, ки соири ҳуқуқи иҷтимоӣ доир мадори он аст, “ҳаққи озодии баён” аст. Имом Абӯҳанифа аз озодии баён, сарсахтона дифоъ мекард. Масалан, ӯ зиндонӣ кардан ё муҷозоти касеро, ки дар бораи халифа, қонун ё ҳукумати адл, баду бероҳ гуфта бошад, ҷоиз намедонист. Ба назари вай, ҳатто агар касе ба халифа дашном бидиҳад ва — аз он болотар — бигӯяд, ки мехоҳад халифаро бикушад низ муҷозоте бар ӯ нест. (22)

Имом Сарахсӣ, аз фақеҳони номдори ҳанафӣ, дар “Ал-мабсут” (10/212) менависад:

قال (كثير الحضرمي) دخلت مسجد الكوفة من قبل أبواب كندة فإذا نفر خمسة يشتمون عليا رضي الله عنه وفيهم رجل عليه برنس يقول أعاهد الله لأقتلنه فتعلقت به وتفرق أصحابه فأتيت به عليا رضي الله عنه فقلت إني سمعت هذا يعاهد الله ليقتلنك قال ادن ويحك من أنت قال أنا سوار المنقري فقال علي رضي الله عنه خل عنه فقلت أخلي عنه وقد عاهد الله ليقتلنك فقال أفأقتله ولم يقتلني قلت وأنه قد شتمك قال فاشتمه إن شئت أو دعه وفي هذا دليل على أن من لم يظهر منه خروج فليس للإمام أن يقتله وهو رواية الحسن عن أبي حنيفة رحمهما الله تعالى قال ما لم يعزموا على الخروج فالإمام لا يتعرض لهم

“Касири Хазрамӣ гӯяд: аз тариқи дарвозаи Кенда вориди масҷиди Куфа шудам, он ҷо баногаҳ панҷ нафарро дидам, ки Алӣ (р)-ро дашном медоданд (дар ҳоле, ки Алӣ халифаи мусалмонон буд) ва дар миёни онҳо марди кулоҳпӯше буд, ки мегуфт: ба Худо савганд, ки ҳатман Алиро хоҳам кушт! Ман рафтам, то ӯро бигирам, ёронаш ҳам пароканда шуданд. Ӯро гирифтам ва ба назди Алӣ (р) овардам ва гуфтам: ман ба гӯшҳои худам шунидам, ки ин мард Худоро савганд ёд кард, ки шуморо хоҳад кушт! Фармуд: наздик биё, вой бар ҳолат, ту кистӣ? Гуфт: ман Савор ал-Минқарӣ ҳастам. Алӣ (р) ба ман фармуд: раҳояш кун, биравад. Гуфтам: раҳояш кунам, то биравад, дар ҳоле ки ӯ Худоро савганд ёд карда, ки шуморо хоҳад кушт? Ҳазрати Алӣ (р) фармуд: оё бо ӯ даргир шавам (ва муҷозоташ кунам), дар ҳоле ки ҳанӯз маро накуштааст? Гуфтам: ӯ шуморо дашном дод. Алӣ фармуд: агар хостӣ, метавонӣ ту ҳам ӯро дашном бидиҳӣ (яъне муқобила ба мисл кунӣ) ё аслан раҳояш кунӣ, то биравад пайи кораш (на ин ки касеро, ки фақат дашном додааст, муҷозот намоӣ)… Ин ривоят далел бар ин аст, ки касе, ки ҳанӯз алайҳи ҳоким шамшер накашидааст, ҳоким наметавонад ӯро муҷозот кунад. Ҳасан ин фатворо аз Имом Абӯҳанифа нақл кардааст. Имом Абӯҳанифа гуфтааст: модоме, ки касе азми хуруҷ алайҳи ҳокимро надорад, ҳоким наметавонад ӯро муҷозот намояд (ҳатто агар ӯро дашном диҳад ва ё бигӯяд, ман ҳокимро хоҳам кушт!…”

* * *

2) Хуруҷ алайҳи ҳокими ситампеша:

Мазоҳиби каломӣ дар ҷаҳони ислом ҳамвора бар сари ин масъала, ки оё мусалмонон ҳақ доранд алайҳи халифаи ситамкор даст ба шӯриш ва исён бизананд ё на, ихтилоф доштаанд. Раъйи ғолиб дар миёни аҳли суннат, адами ҷавоз будааст.

Ва ин дар ҳолест, ки Имом Абӯҳанифа борҳо аз гурӯҳҳои шӯришӣ алайҳи халифа ҳимоят кард ва дар доварӣ байни ҳоким ва мухолифони ӯ, ба нафъи мухолифон раъй дод.

Бо таваҷҷӯҳ ба шинохте, ки аз шахсияти динӣ, худотарсӣ ва тақвои Имом Абӯҳанифа дар даст аст, метавон дарёфт, ки ин мавзеъи вай, на аз сари бепарвоӣ ва ё қудратталабӣ, балки аз сари диндорӣ ва таклифи шаръие будааст, ки эҳсос мекарда.

Аммо аҷиб он аст, ки аз фатвоҳои бисёре аз бузургони мазҳаби ҳанафӣ чунин бармеояд, ки эшон бо хуруҷ алайҳи ҳокими мусалмони ситамкор мухолифат кардаанд. Ба унвони намуна, дар “Ақоиди Таҳовия” омадааст:

ولا نرى الخروج على أئمتنا وولاة أمورنا وإن جاروا

“Мо мӯътақидем, ки хуруҷ алайҳи пешвоён ва волиёни амр ҷоиз нест, ҳарчанд ситам кунанд…”

Ва ин дар ҳолест, ки Имом Абӯҳанифа хуруҷ алайҳи ҳокими мусалмони ситампешаро як таклифи шаръӣ медониста. Хатиби Бағдодӣ дар “Таърихи Бағдод” (13/395) фаслеро таҳти унвони:

ذكر ما حكي عن أبي حنيفة من رأيه في الخروج على السلطان

(“Зикри раъйи Абӯҳанифа дар мавриди қиём алайҳи султон ва ҳоким”) боз карда ва дар он, 10 ривоят (бо санад) оварда, ки ҷумлагӣ бар ақидаи Имом Абӯҳанифа ба ҷоиз будани хуруҷ бар ҳокими ситамгар далолат доранд. Барои намуна, яке аз он ривоятҳоро меоварем:

وقال الأبار حدثنا منصور بن أبي مزاحم حدثني يزيد بن يوسف قال قال لي أبو إسحاق الفزاري جاءني نعي أخي من العراق وخرج مع إبراهيم بن عبد الله الطالبي فقدمت الكوفة فأخبروني أنه قتل وأنه قد استشار سفيان الثوري وأبا حنيفة فأتيت سفيان أنبئه مصيبتي بأخي وأخبرت انه استفتاك قال نعم قد جاءني فاستفتاني فقلت ماذا أفتيته قال قلت لا آمرك بالخروج ولا أنهاك قال فأتيت أبا حنيفة فقلت له بلغني ان أخي أتاك فاستفتاك قال قد أتاني واستفتاني قال قلت فبما افتيته قال افتيته بالخروج قال فأقبلت عليه فقلت لا جزاك الله خيرا قال هذا رأي قال فحدثته بحديث عن النبي صلى الله عليه و سلم في الرد لهذا فقال هذه خرافة يعني حديث النبي صلى الله عليه و سلم

“Абӯисҳоқи Физорӣ гӯяд: хабари марги бародарам аз Ироқ расид. Ӯ ба ҳамроҳи Иброҳим ибни Абдуллоҳи Толибӣ (алайҳи халифа) хуруҷ карда буд. Ба Куфа омадам. Хабарам доданд, ки бародарам кушта шудааст ва ин ки ӯ аввал бо Суфёни Саврӣ ва Абӯҳанифа дар мавриди ин ки оё ҷоиз аст хуруҷ алайҳи ҳоким ё на, машварат карда. Пас, пеши Суфён омадам, то аз даргузашти бародарам ӯро хабардор бикунам, ба ӯ гуфтам: бародарам аз ту фатво пурсида буд? Гуфт: бале, пешам омад ва аз ман фатво хост. Пурсидам: шумо чӣ фатвое додед? Гуфт: ба ӯ гуфтам, ман на дастури хуруҷ ба ту медиҳам ва на туро аз он наҳй мекунам. Сипас, ба назди Абӯҳанифа омадам ва ба ӯ гуфтам: мутталеъ шудам, ки бародарам пеши ту омада аз ту фатво пурсидааст. Гуфт: бале, пешам омад ва фатво пурсид. Гуфтам: ҳоло шумо чӣ фатвое додед? Гуфт: ба ӯ фатвои хуруҷ (алайҳи ҳокими ситампешаро) додам. Он гоҳ ба Абӯҳанифа наздик шудам ва гуфтам: Худо хайрат надиҳад! Гуфт: ин раъйи ман аст (яъне ман ба унвони фақеҳ, назарам ва фатвоям ҳамин аст). Сипас ман дар радди назари Абӯҳанифа як ҳадисе аз Паёмбари Акрам (с) барояш нақл кардам. Абӯҳанифа гуфт: Ин ки мегӯӣ, хурофа аст (яъне ин ҳадис аз Паёмбари Акрам (с) собит нест.)”

* * *

3) Мудоро:

Вақте Юсуф ибни Холид ас-Самтӣ, шогирди Имом Абӯҳанифа, озими Басра буд, Имом ба вай аз ҷумла суфориш кард:

وتقرَّبْ مِنَ العامَّةِ… وعليك بالمداراة والصبرِ والاحتمالِ وحُسنِ الخلُقِ وسَعةِ الصَّدرِ… واعمَدْ في زِيارةِ مَنْ يَزورُك ومن لا يَزورُك، والإحسانِ الى من أحسن إليكَ، أو أساءَ… واتْرُكْ كلَّ من يؤذيكَ… واعفُ عمَّن أساءَ إليكَ. ومَن تكلَّمَ منهم بالقبيحِ فيك فتكلَّم فيه بالحَسَنِ الجميلِ… وأظهِرِ التودُّدَ الى الناسِ ما استطَعْتَ… وارضَ مِنْهُم ما ترضى لنفْسِكَ، وعاملِ الناسَ مُعَامَلتَك لنفسِكَ… وإيَّاكَ والغَدْرَ، وإنْ غَدَروا بك، وأدِّ الأمانةَ، وإن خانوكَ

“Ба мардум наздик шав… Бо онон ба мудоро рафтор кун, сабур бош ва аҳли таҳаммул, ҳусни хулқ пеша кун ва сиаи садр дошта бош. Ба зиёрати касе, ки ба дидори ту омада ва он ки ба дидори ту наомада эҳтимом кун. Бо он ки ба ту некӣ карда ва он ки ба ту бадӣ карда, ба некӣ рафтор кун… Ҳамаи касонеро, ки туро озор медиҳанд, ба худашон вогузар… Бибахш касеро, ки ба ту бадӣ карда. Он ки ба ту ба зиштӣ сухан мегӯяд, ту бо ӯ ба зебоӣ сухан гӯ. Дӯстӣ бо мардумро то ҷое, ки метавонӣ ошкор кун… Он чи бар худ меписандӣ, бар онон низ биписанд. Ва бо мардум ҳамон муомила кун, ки ба хештан мекунӣ… Аз ситам бипарҳез ҳатто агар бар ту ситам раво доштанд. Ва амонатро адо кун ҳатто агар ба ту хиёнат карданд…” (23)

Идома дорад…

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Хурофот ва илми таърих
Саккокӣ – донишҷӯи бузургсол

Матолиби пурбоздид