Арасту

Фарҳанг

Арасту

Панҷ воқеияти ҷолиб дар бораи Арасту, файласуфи юнонӣ

Арасту фақат файласуф набуд; ӯ дар зистшиносӣ ва мутолиаи табиат пешгом буд, бар шаклгирии шахсияти Искандари Мақдунӣ таъсир гузошт ва бунёнгузори яке аз нахустин марокизи созмонёфтаи пажӯҳиш дар ҷаҳон низ буд.

Арасту, файласуф ва донишманди юнонӣ, дар соли 384 пеш аз мелод мутаваллид шуд ва дар соли 322 пеш аз мелод даргузашт. Ӯ яке аз асаргузортарин мутаффакирони таърихи ҷаҳон ба шумор меравад ва дидгоҳҳояш дар бораи мантиқ, чигунагии коркарди ҷаҳон, ахлоқ ва ҳукумат барои қарнҳо бар андешаи инсон таъсир гузошт.

Бо ин ҳол, тасвире, ки маъмулан аз Арасту дар зеҳн дорем, бештар ба фалсафа ва китобҳои душвори ӯ маҳдуд мешавад. Зиндагӣ ва осори ӯ бисёр густардатар аз ин тасвир аст. Арасту на танҳо дар бораи масоили интизоии фалсафа меандешид, балки табиатро бо диққат мушоҳида мекард, ҷонваронро мутолеа мекард, дар бораи ҳукумат ва ҷомеа пажӯҳиш мекард ва ҳатто дар шаклгирии шахсияти яке аз машҳуртарин фотеҳони таърих яъне Искандари Мақдунӣ нақш дошт.

 

Арасту аз наздик шоҳиди зуҳури Искандар буд

Яке аз муҳимтарин бахшҳои зиндагии Арасту, иртиботи ӯ бо Искандари Мақдунӣ буд. Дар соли 343 пеш аз мелод, Филлипи дуввум, подшоҳи Мақдуния, аз Арасту хост омӯзгори хусусии писари 13-солааш Искандар шавад. Ин омӯзиш баъдҳо ба яке аз машҳуртарин робитаҳои миёни як файласуф ва як фармонравои ҷаҳони бостон табдил шуд.

Арасту ҳудуди се сол дар дарбори Мақдуния монд ва ба Искандар дар бораи мавзӯоти гуногуне омӯзиш дод; аз ташхиси дурусту нодуруст ва шеваи ҳукуматдорӣ гирифта то саломат ва дигар масоили марбут ба зиндагӣ. Гуфта мешавад, ӯ нусхае ҳошиянависишуда аз “Илиада”-и Гомерро низ ба Искандар дод ва Искандар ин китобро дар ҷараёни лашкаркашиҳои худ ҳамроҳ дошт.

Албатта мизони таъсири мустақими омӯзаҳои Арасту бар рафтор ва сиёсатҳои баъдии Искандар ҳамчунон миёни таърихнигорон маҳалли баҳс аст. Бо ин ҳол, равшан аст, ки Арасту алоқаи амиқе ба фарҳанг ва дониши юнонӣ дар Искандар эҷод кард.

Искандар баъдҳо масире комилан мутафовит бо дидгоҳҳои нисбатан оромтари Арасту дар бораи ҳукумат дар пеш гирифт ва ба яке аз бузургтарин футуҳоти низомии таърих даст зад. Бо ин ҳол, робита миёни ин файласуф ва фармонравои ҷавон нишон медиҳад, ки Арасту фақат дар килосҳои фалсафа таъсиргузор набуд; ӯ мустақиман бо яке аз қудратмандтарин шахсиятҳои ҷаҳони бостон иртибот дошт.

 

Мутолиаи ҷонварон ва табиат

Тасвире, ки аз Арасту дар зеҳни бисёре аз мардум вуҷуд дорад, файласуфе аст, ки тамоми умр худро сарфи андешидан ба мафоҳиме монанди руҳ, ахлоқ ва маънои зиндагӣ кардааст. Аммо бахши қобили таваҷҷӯҳе аз осори ӯ ба ҷаҳони табиӣ, вижагиҳои ҷонварон ва сохтори бадани онҳо ихтисос дошт.

Арасту дар тӯли зиндагии худ дар бораи беш аз 500 гунаи ҷонварӣ иттилоот ва гузоришҳои пажӯҳишӣ гирдоварӣ кард. Осоре монанди “Таърихи ҷонварон”, “Тавлиди мисли ҷонварон” ва “Аҷзои ҷонварон” ҳосили ҳамин мутолиот буданд.

Доманаи таҳқиқоти ӯ бисёр густарда буд; аз ҳашароти кучак ва харчангҳои дарёӣ гирифта то моҳиҳо, парандагон ва пистондорони бузург. Бархе мушоҳидоти ӯ дар бораи ҳаёти дарёӣ, бавижа дар атрофи ҷазираи Лесбос, ба таври шигифтангезе дақиқ буданд ва нишон медоданд, ки ӯ шинохти қобили таваҷҷӯҳе аз шеваи зиндагии мавҷудоти дарёӣ доштааст.

Барои намуна, Арасту ба дурустӣ ташхис дод, ки наҳангҳо ва делфинҳо вижагиҳои пистондорони хушкизиро доранд. Ӯ дарёфт, ки ин ҷонварон ҳаво танаффус мекунанд ва баччаи зинда ба дунё меоваранд; воқеияте, ки то қарнҳо баъд ҳанӯз ба таври комил пазируфта нашуда буд.

Ин бахш аз фаъолиятҳои Арасту нишон медиҳад, ки равиши фикрии ӯ танҳо ба истидлоли интизоӣ маҳдуд набуд. Мушоҳидаи мустақими табиат ва талош барои дастабандӣ ва тавзеҳи падидаҳои табиӣ низ ҷойгоҳи муҳимме дар андешаи ӯ дошт.

 

Бештари осори Арасту барои ҳамеша аз байн рафтаанд

Осори боқимонда аз Арасту бисёр густардаанд, аммо он чи имрӯз дар ихтиёр дорем, танҳо бахши кучаке аз тамоми навиштаҳои ӯст. Манобеи бостонӣ нишон медиҳанд, ки Арасту садҳо асар навишта буд. Навиштаҳои ӯ дар ҳавзаҳое монанди метафизик, ахлоқ, мантиқ, сиёсат ва улуми табиӣ пояҳои бисёре аз риштаҳои фикриро шакл доданд. Осоре, ки Арасту барои интишори умумӣ навишта буд, дар ҷаҳони бостон шӯҳрати фаровон доштанд ва ба далели дониши густарда ва арзиши илмиашон мавриди таҳсин қарор мегирифтанд.

Аммо бахши умдаи ин осор аз миён рафтааст ва бисёре аз онҳо танҳо дар қолаби нақли қавлҳое, ки нависандагони давраҳои баъдӣ аз осори Арасту овардаанд, боқӣ мондаанд.

Бештари навиштаҳое, ки имрӯза аз Арасту дар ихтиёр дорем, ёддоштҳои пажӯҳишӣ ва мутуни омӯзишии муфассале ҳастанд, ки барои шогирдони ӯ дар мадрасаи Ликей (Лицей) таҳия шуда буданд. Ин навиштаҳо дар асл барои мутолеаи умумӣ навишта нашуда буданд ва ба ҳамин далел ағлаб фишурда, печида ва душворанд.

Дар натиҷа, тасвире, ки имрӯз аз андешаи Арасту дорем, то ҳадди зиёде бар асоси ёддоштҳо ва навиштаҳое шакл гирифта, ки дар ибтидо қарор набудаанд китобҳои умумӣ барои хонандагони густарда бошанд.

 

Ликей шеваи омӯзиш ва пажӯҳишро мутаҳаввил кард

Пас аз давраи омӯзиши Искандар, Арасту ба Афина бозгашт ва дар соли 335 пеш аз мелод мадрасаи худро бо номи Ликей таъсис кард. Номи ин мадраса аз вожаи юнонии Λύκειον гирифта шуда буд, ки худ ба маъбади Аполлон Ликейӣ ишора дошт.

Дар ҳоле, ки Академияи Афлотун таваҷҷӯҳи зиёде ба риёзиёт ва масоили амиқи фалсафӣ дошт, Ликейи Арасту рӯйкарде густардатар, амалитар ва созмонёфтатар ба омӯзишу пажӯҳиш дошт.

Ликейро метавон яке аз нахустин марокизи пажӯҳишии созмонёфтаи ҷаҳон донист. Дар ин мадраса, донишҷӯён ва пажӯҳишгарон дар ҳавзаҳои гуногуне фаъолият мекарданд; аз улуми марбут ба зиндагӣ ва таърих гирифта то ҳукумат, фанни суханварӣ ва баррасии чигунагии амалкарди падидаҳои мухталиф.

Ба ин тартиб, Арасту танҳо як файласуф набуд, ки дар бораи ҷаҳон назарияпардозӣ кунад; ӯ талош кард, мутолеаи ҷаҳони воқеӣ ва ҷамъоварии додаҳои таҷрибиро низ дар сохтори омӯзишии худ ҷой диҳад.

 

Осори Арасту дар шаклгирии асри тиллоии фалсафаи исломӣ нақш доштанд

Сарнавишти осори Арасту пас аз суқути империяи Рум бисёр печида буд. Бахши зиёде аз навиштаҳои ӯ дар Урупои ғарбӣ аз дастрас хориҷ шуд, аммо осораш дар империяи Бизонс (Византия) ва ҷаҳони ислом ҳифз, мутолиа ва тафсир шуданд.

Дар даврони асри тиллоии ислом, ки тақрибан аз қарни ҳаштум то сездаҳуми мелодӣ идома дошт, андешмандоне монанди Кендӣ, Форобӣ, Ибни Сино ва Ибни Рушд осори Арастуро ба таври густарда мутолеа ва тафсир карданд. Онҳо дидгоҳҳои ӯ дар бораи мантиқ, шинохт, ҳақиқат, табиат ва масоили фалсафиро мутолеа карданд, ба забони арабӣ мунтақил карданд ва дар бисёре маворид онҳоро густариш доданд ё мавриди нақд қарор доданд.

Ин суннати фикрӣ баъдҳо нақши муҳимме дар интиқоли мероси фалсафии Юнон ба Урупои ғарбӣ ифо кард. Аз тариқи нусхаҳои арабӣва шарҳҳо ва баҳсҳое, ки дар бораи осори Арасту шакл гирифта буд, бисёре аз навиштаҳои ӯ дар садаҳои дувоздаҳум ва сездаҳуми мелодӣ дубора ба Урупои ғарбӣ роҳ ёфтанд.

Бозгашти ин осор таъсири муҳимме бар омӯзиш ва фалсафаи қуруни вусто гузошт ва ба таҳаввули асосӣ дар мадорис ва низоми фикрии Урупо кӯмак кард.

Дар натиҷа, мероси Арасту танҳо ба китобҳои фалсафии ӯ маҳдуд намонд. Ӯ, ҳам дар мутолеаи табиат ва ҷонварон пешгом буд, ҳам дар омӯзиш ва пажӯҳиш рӯйкарде тоза эҷод кард, ҳам бо яке аз муҳимтарин фармонравоёни ҷаҳони бостон иртиботи мустақим дошт ва ҳам андешаҳояш аз масири ҷаҳони ислом дубора ба Урупо бозгашт ва бар шаклгирии фалсафаи урупоӣ таъсир гузошт.

Faradeed

istaravshani.com

Қаламонлайн  

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Бандагии Худо – яъне озодӣ
Қолибоф: Даврони назми якқутбӣ ба поён расидааст

Матолиби пурбоздид