Арзиши воқеии инсон

Фарҳанг

Арзиши воқеии инсон

Мактаби инсоният

Шайх Абӯсаиди Абулхайр (аз урафои бузург)-ро гуфтанд: Фалон кас бар рӯйи об роҳ меравад.

Шайх гуфт: Саҳл аст, вазағе (қурбоқае) ва саъвае (парандае кучак) низ бар рӯйи об роҳ меравад.

Шайхро гуфтанд: Фалон кас дар ҳаво мепарад.

Шайх гуфт: Зағане (парандаи гӯштхор) ва магасе низ дар ҳаво бипарад.

Ӯро гуфтанд: Фалон кас дар як лаҳза аз шаҳре ба шаҳре мебиравад.

Шайх гуфт: Шайтон низ дар як нафас аз машриқ ба мағриб мешавад. Ин чунин чизҳоро бас қимате нест. Мард он бувад, ки дар миёни халқ биншинад ва бархезад ва биҷунбад ва бо халқ доду ситад кунад ва бо халқ даромезад ва (дар ҳамаи ин ҳолот) як лаҳза аз Худо ғофил набошад.

Паёми достон:

Арзиши воқеии инсон ба ин аст, ки дар ҳоле ки дар миёни халқ аст ва бо онҳо даромехта, ҳамвора ба ёди Худованд бошад ва ҳаргиз ҳузури ӯро аз ёд набарад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Натавон забони мардум бастан
Шогирди тезҳуш

Матолиби пурбоздид