Арзиши моли дунё

Фарҳанг

Арзиши моли дунё

Андешкадаи Қалам

Ибни Саммок (яке аз зоҳидони маъруф) ба ҳузури Ҳорунаррашид расид. Ҳорун, дар ҳоле ки хост барояш обе биёваранд то бинӯшад, рӯ ба Ибни Саммок кард ва гуфт:

— Насиҳатам кун!

Ибни Саммок гуфт:

— Туро ба Худо савганд медиҳам, бигӯ, агар Худованд монеи ту аз нӯшидани об бишавад, чӣ кор хоҳӣ кард?

Ҳорун гуфт:

— Ниме аз молу мулкамро дар роҳи ӯ фидо мекунам, то бароям об фароҳам ояд.

Ибни Саммок гуфт:

— Пас, бинӯш!

Сипас, Ибни Саммок ба Ҳорун гуфт:

— Туро ба Худо савганд медиҳам, бигӯ, (вақте об нӯшидӣ ва шикамат пур шуд ва ниёз ба хало пайдо кардӣ) ва Худованд монеи ту аз берун кардани об (бавл) аз дарунат бишавад, чӣ кор хоҳӣ кард?

Ҳорун гуфт:

— Ниме дигар аз молу мулкамро дар роҳи ӯ фидо хоҳам кард, то ин кор бароям фароҳам шавад.

Ибни Саммок гуфт:

— Молу мулки дунё, ки барои нӯшидани қатраи обе фидо мешавад, арзиши инро надорад, ки одамҳо барои ба даст овардани он бо ҳам мусобиқа кунанд.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дузди муриди Шайх
Диловартарини мардум

Матолиби пурбоздид