Артиши Исроил дар ҳоли омодабош

Артиши Исроил дар ҳоли омодабош

Ахбори байналмилал

Раиси ситоди артиши Исроил: Артиш дар ҳолати омодабош қарор дорад

Эял Замир – раиси ситоди муштараки артиши Исроил, дар нишасти фармондеҳони низомӣ гуфт, ки артиши ин кишвар ҳоло дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои ҳар гуна сенария омода аст.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ҳушдор додааст, дар сурати азсаргирии ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, ҷанг метавонад аз минтақа фаротар равад.

Сипоҳ дар баёнияе таъкид кард, ки Эрон то ҳол ҳамаи тавоноиҳои худро истифода накардааст, аммо агар ҳамлаҳо такрор шаванд, посухи Эрон бисёр сахт хоҳад буд.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп гуфт, ки дар масъалаи Эрон бо Бенямин Нетаняҳу ҳамназар аст ва нахуствазири Исроил “ҳар коре ки ман бихоҳам анҷом медиҳад”.

Трамп ҳамчунин изҳор дошт, ки барои музокира бо Эрон “охирин фурсат”-ро фароҳам мекунад, аммо барои ин масъала шитоб надорад.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Интиқоди тунди Аврупо аз рафтори таҳқиромези Исроил бо ҳомиёни Фаластин
Фарқи “бихон”-и ислом бо “бихон”-и дигарон

Матолиби пурбоздид