Асри яхбандон
Достонҳои омӯзанда
Дар асри яхбандон бисёре аз ҳайвонҳо ях заданд ва мурданд. Хорпуштҳо вахомати авзоъро дарёфтанд, бинобар ин, тасмим гирифтанд даври ҳам ҷамъ шаванд ва бад-ин тартиб ҳамдигарро ҳифз кунанд, вале хорҳояшон — вақте дар канори ҳам бошанд – якдигарро захмӣ мекард. Аз ин рӯ, маҷбур буданд аз ин ду якеро баргузинанд: ё хорҳои дӯстонро таҳаммул кунанд ва зинда бимонанд ва ё аз ҳам дур шаванд ва наслашон аз рӯйи замин мунқариз бишавад.
Дарёфтанд, ки бозгарданд ва гирди ҳам оянд. Омӯхтанд, ки бо захмҳои кучаке, ки ҳамзистӣ бо касе ба вуҷуд меоварад, зиндагӣ кунанд ва инчунин тавонистанд зинда бимонанд.
* * *
Ҳаёти мо дар ваҳдат ва якпорчагӣ ва иттиҳод мебошад ва аммо дар тафриқа ва парокандагӣ мамоти мост нобудии мост.
Аммо лозимаи иттиҳод ва якпорчагӣ ин аст, ки мо айбҳо ва нуқсонҳои якдигарро таҳаммул кунем ва нодида бигирем. Чи басо дар тафриқа ва парокандагӣ, аз “газанд”-и якдигар дар амон бимонем, вале нобуд хоҳем шуд. Бинобар ин, барои зинда мондан, бароямон беҳтар он аст, ки ҳамдигарро таҳаммул кунем.
Қаламонлайн