Ахлоқи Расули Акрам(с)
Ҳазрати Муҳаммад (с) дар ҳусни муошират бо ҳамсарон намуна буд. Некрафторӣ бо занонро ба ёрон ва пайравонаш тавсия ва таъкид мекард ва мегуфт:
“Беҳтарини шумо касе аст, ки бо хонаводааш беҳтарин бошад ва ман беҳтарини шумо бо хонаводаам ҳастам.” (Ибни Моҷа (1977), Тирмизӣ (3895))
Ҳазрати Оиша (р) мегӯяд:
“Расули Худо (с) ҳаргиз даст бар сари ҳамсаре аз ҳамсарони худ барнадошта.” (Абӯдовуд (4786), Аҳмад (24080), Ибни Ҳаббон (488))
Ровӣ мегӯяд, ба Оиша (р) арз кардам: Расули Худо (с) дар хона чӣ кор мекард?
Фармуд:
“Ӯ ҳамвора дар хидмати хонаводааш буд ва ҳамин ки вақти намоз фаро мерасид, барои намоз бармехост.” (Бухорӣ (5692))
Ва дар ривояте дигар, ки Аҳмад нақл мекунад, Уммулмуъминин (р) дар посух фармуд:
“Расули Худо (с) худ пироҳанашро медӯхт ва кафшашро васла мезад…” (Аҳмад (24382))
Ҳамчунин ҳазрати Оиша (р) мегӯяд:
“Расули Худо (с) нармхӯтарини мардум ва гиромитарини онҳо буд, ӯ монанди ҳар марде аз мардони шумо буд бо ин тафовут, ки ӯ бассом (бисёр лабхандкунанда) буд.” (Фатҳ-ул-борӣ, с.476)
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: