Ашки саҳари мо

Адаб

Ашки саҳари мо

Мавлоно ЗУФАРХОН ҶАВҲАРӢ

Эй бехабар аз нолаю оҳи саҳари мо

Як бор хабар гир зи сӯзи ҷигари мо

Дар ишқи ту қисмат нигар аз матбахи айём

Лахти ҷигари сӯхта шуд моҳазари мо

Аз бас зи ғамат захми дили мо шуда носур

Хуноба чакад сар ба сар аз чашми тари мо

Аз худшудагонем ба ёди ту тавон кард

Аз ҳайрати оина суроғи асари мо

Дар водии ҷонсӯзи пурошӯби муҳаббат

Ҷуз ашки равон нест дигар ҳамсафари мо

Мӯе шудаем аз ғами он мӯймиён лек

Як мӯй надорад ғами мо мӯкамари мо

Ин турфа нигар Ҷавҳарӣ к-аз хандаи ширин

Бар захми ҷигар рехт намак лабшакари мо.

 

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Оятуллоҳ Хоманаӣ: Хатарноктар аз нови омрикоӣ, силоҳе аст, ки метавонад онро ба қаъри дарё бифиристад
Фармондеҳи кулли интизомии Эрон: Душман дар фитнаи ахир башиддат шикаст хӯрд

Матолиби пурбоздид