Аҳамияти илму огоҳӣ

Адаб

Донистан ва огоҳ будан беҳтар аст!

Сабки зиндагӣ

Абӯрайҳони Берунӣ лаҳазоти поёнии умри пурбаракати худро тай мекард ва дар ҳоли эҳтизор буд. Яке аз фуқаҳо, ки ҳамсояаш буд, иттилоъ пайдо кард, ки Абӯрайҳон дар чунин ҳоле аст, ба иёдаташ рафт. Абӯрайҳон ҳанӯз ба ҳуш буд. То чашмаш ба фақеҳ афтод, як масъалаи фиқҳӣ аз боби ирс аз ӯ суол кард. Фақеҳ тааҷҷуб намуд ва эътироз кард, ки ту дар ин вақт ки мемирӣ, аз ман масъала мепурсӣ?

Абӯрайҳон ҷавоб дод: Ман аз ту суол мекунам, оё ман агар бимирам ва бидонам беҳтар аст ва ё бимирам ва надонам?

Фақеҳ дар ҷавоби Абӯрайҳон гуфт: Хуб, бимирӣ ва бидонӣ беҳтар аст.

Фақеҳ мегӯяд: Баъд аз ин ки ман ба хона баргаштам, тӯле накашид, ки фарёд аз хонаи Абӯрайҳон баланд шуд, ки Абӯрайҳон даргузашт ва дори дунёро видоъ фармуд.

Ин марди бузург дорои ҳиммате бузург дар роҳи дониш буда ва хеле барои илм ва олим арзиш қоил будааст.

Манбаъ: “Чиҳил достон ва воқеаи омӯзанда аз торихи ислом”

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Насиҳати Паёмбар(с)
Ҳасодат навъе беморист

Матолиби пурбоздид