Аҳамияти намоз

Фарҳанг

Аҳамияти намоз

Мактаби инсоният

То чашми Умми Ҳамида, модари Имом Козим алайҳис-салом, ба Абӯбасир — ки барои таслият гуфтан ба ӯ ба муносибати вафоти шавҳари бузургвораш Имом Содиқ омада буд – афтод, ашкҳояш ҷорӣ шуд. Абӯбасир низ гирист. Ҳамин ки гиряи Умми Ҳамида истод, ба Абӯбасир гуфт:

— Ту дар соати эҳтизори Имом ҳозир набудӣ, қазияи аҷибе иттифоқ афтод.

Абӯбасир пурсид:

— Чӣ қазияе?

Умми Ҳамида гуфт:

— Лаҳазоти охири зиндагии Имом буд. Имом дақоиқи охири умри худро тай мекард. Пилкҳо рӯи ҳам афтода буд. Ногаҳон Имом пилкҳоро аз рӯи ҳам бардошт ва фармуд:

— Ҳамин алъон ҷамиъи афроди хешовандони маро ҳозир кунед.

Матлаби аҷибе буд. Дар ин вақт Имом ҳамчу дастуре дода буд. Мо ҳам ҳиммат кардем ва ҳамаро ҷамъ кардем. Касе аз хешону наздикони Имом боқӣ намонд, ки он ҷо ҳозир нашуда бошад.

Ҳама мунтазиру омода, ки Имом Содиқ дар ин лаҳзаи ҳассос мехоҳад чӣ бикунад ва чӣ бигӯяд.

Имом ҳамин ки ҳамаро ҳозир дид, ҷамъиятро мухотаб қарор дода фармуд:

— Шафоати мо ҳаргиз насиби касоне, ки намозро сабук мешуморанд нахоҳад шуд.

(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Биҳор”)

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Симои ҳазрати Муҳаммад(с)
Таҳсили рӯзии ҳалол

Матолиби пурбоздид