Аҳли биҳишт хоҳӣ буд…

Адаб

Аҳли биҳишт хоҳӣ буд…

Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Ҳар мусалмоне, ки ду духтар дошта бошад ва ба онҳо некӣ кунад, аҳли биҳишт хоҳад буд”.

Ва низ фармуданд:

«Касе, ки ятимеро (аз хешони худ ё аз ғайри хешон) сарпарастӣ ва нигаҳдорӣ кунад, ҳамон гуна ки ду ангушт ба ҳам наздик аст, бо ман дар биҳишт наздик хоҳад буд.

Ва касе, ки се духтарро нигаҳдорӣ ва сарпарастӣ кунад дар биҳишт аст ва монанди аҷри муҷоҳиде, ки рўзҳою шабҳо ба шабзиндадорӣ машғул бошад, ба ў медиҳанд».

Ва фармуданд:

«Касе, ки ду духтарро тарбият кунад, то онҳо бузург шаванд, дар рўзи қиёмат ба монанди ин ду ангушт бо ман наздик хоҳад буд (ва ангуштони худро ба ҳам муттасил кард)».

Ва низ фармуданд:

«Касе, ки ду ё се духтараш ва ё ду ё се хоҳари худро нигаҳдорӣ кунад, то он ки шавҳар кунанд ва ё то замоне, ки он мард аз дунё меравад, ману ў дар биҳишт ин гуна дар канори ҳам хоҳем буд (ва сипас ангушти ишоратро ба ангушти канории он часпонд)».

Ва низ фармуданд:

«Касе, ки ба се духтар ё хоҳари худ некӣ кунад дохили биҳишт мешавад».

Ва фармуданд:

«Касе, ки фарзанди писарашро бар духтараш муқаддам (беҳтар) надонад ва духтарашро мавриди иҳонат қарор надиҳад, дохили биҳишт мешавад».

Қаламонлайн

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Васияти бузургон
Зане дар биҳишт дохил мешавад…

Матолиби пурбоздид