Бандаи шукргузор
Сабки зиндагӣ
Нақл шудааст, ки Расули Акрам (с) он қадар намоз мехонданд, ки пойҳои муборакашон варам мекард.
Шабе Расули Худо (с) назди ҳазрати Оиша (р) буданд.
Уммулмуъминин ба он ҳазрат гуфтанд: Ё Расулаллоҳ! Чаро ин қадар вуҷуди мубораки худро ба хастагӣ андохта ва садама ба худ мезанед? Ва ҳол он ки Худованд гуноҳони гузашта ва ояндаи шуморо омурзидааст, (яъне, гуноҳе аслан надоред).
Ҳазрат дар ҷавоб фармуданд: Эй Оиша! Беҳтар нест, ки бандаи шукргузоре бошам?!
Қаламонлайн
qalamonline.net













