Баргузории дуввумин Маҷмаи иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Миёна
Ахбори минтақа
Дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Туркманистон аз баргузории дуввумин Маҷмаи иқтисодии Иттиҳодияи Аврупо-Осиёи Миёна, дар Олмоти хабар дод.
Ин маҷмаъ (форум), ки 18 ва 19 май баргузор мешавад, бо ҳузури мақомоти баландпояи Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Иттиҳодияи Аврупо ва намояндагони Бонки Сармоягузории Аурупо, Бонки аврупоии Бозсозӣ ва тавсиа ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва тавсиа баргузор хоҳад шуд.
Ҳамчунин дар ҳошияи ин анҷуман, нишасти тиҷорӣ бо ҳамкории Маркази Тиҷорати Байналмилалӣ барои табодули дидгоҳҳо бо намояндагони бахши хусусӣ ва тасҳили иртибототи иқтисодии байни Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Миёна баргузор мешавад.
Лозим ба ёдоварист, аввалин Маҷмаи иқтисодии Иттиҳодияи Авпуро ва Осиёи Миёна дар соли 2021 дар Бишкек баргузор шуда буд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн