Бардошти кӯтоҳ

Бардошти кӯтоҳ

Таҳияи Фирдавси Аъзам

Хоб – достони кӯтоҳ аз Ҳорукӣ Мурокомӣ

“Хоб” достони кӯтоҳест аз нависандаи халлоқ, бузург ва мавриди писанди ман Ҳорукӣ Мурокомӣ.

Бовар кунед, баъд аз хондани ин достон чанд рӯзе натавонистам бихобам. Рӯзҳои зиёде маро “озор” доду даргир кард. Шояд ин иттифоқ барои Шумо ҳам биуфтад. Намедонам. Аммо беҳтарин чиз дар мавриди достон ин аст, ки тафсирҳои зиёде бар асоси тасаввурот ва боварҳо дорад. Ин яъне чӣ? Беҳтар аст, худатон якбор, не, ду се бор хонедаш. Аслан достонҳо ва румонҳои Мурокомиро бояд чанд бор хонд то ба умқи паёму андешааш расид. Шояд ин бардошт, “роз”-и достонро қадре фош кунад, ба ин манзур, пӯзиш. (Албатта, ниёзе ба пӯзиш ҳам нест, чун ин ёддоштро танҳо барои бойгонии худам инҷо мегузорам)

Хуб, баъд аз хондани ин достон ду нуктаи барҷаста ба зеҳн мерасад (албатта нуктаҳои лоядори фаровоне дорад):

1.Зиндагӣ бидуни хоб чӣ гуна хоҳад буд?

2.Зулм ба фард…?

Зани достон 17 рӯзест ки нахобида аст. (“Ин 17-мин рӯзест ки хобам намебарад”). Албатта мисли бехобӣ нест, чун зеҳнаш ҳамеша бедор аст. Ӯ бо як писари хурдсол ва шавҳараш, ки дандонпизишк аст, зиндагӣ мекунад. Зиндагии такрорию якнавохте дорад. Ибтидо хобҳои аҷибе мебинад, тасмим мегирад ҳаргиз нахобад, то аз шарри хобҳо наҷот пайдо кунад. Ба бехобӣ одат мекунад ва дигар наметавонад бихобад. Кам – кам ба даврони ҷавонии худ бозмегардад. Шурӯъ ба берун рехтани уқдаҳои саркӯбшудаи худ мекунад. (Бо чӣ?- хондани китоб, нӯшиданӣ, шукулот ва шино дар истахр) Корҳои маъмулии худро ба дурустӣ анҷом медиҳад. Зоҳиран ҳич мушкиле ҳам надорад, фақат наметавонад бихобад ва намехоҳад ба дуктур муроҷиа кунад. Каме гиҷкунанда шуд, на? Хуб, ин “айб”-и қалами Мурокомист.

Бо хондани достон мефаҳмем, ки зан дар даврони донишгоҳ “чизе шабеҳи бехобӣ” дошта аст. (Бояд ин “чизе шабеҳи бехобӣ” шуморо кунҷков кунад, агар накард, достонро дубора бихонед) Ҳамон тур, ки гуфта шуд, ӯ шароб, доруҳои хобоварро ҳам имтиҳон мекунад, аммо зоҳиран ҳич таъсире надоранд. Ин иттифоқ ҳудуди як моҳ меуфтад ва баъд ногаҳон як рӯз дубора ба хоб мераваду ҳама чиз одӣ мешавад… Эъ…

Ва як шаб дубора ҳамон иттифоқ такрор мешавад. Ӯ як хоби занандае мебинад. Бедор аст аммо зоҳиран фалаҷ ё карахт, яъне наметавонад коре кунад…

Шабе сояи сиёҳеро дид ки наздики пояш истода. Пирмард (ҳамон соя) рӯи пойҳояш об рехт ва ӯ тамоми муддат ба ӯ хира шуда буд. Дар он лаҳза эҳсос кард ки чизе дар дарунаш мурда аст. “Чизе дар даруни ман мурд. Чизе об шуд ва танҳо як халои ларзон боқӣ монд”.(“Хоб” Ҳ.М.)

Дар он лаҳза чӣ иттифоқе барои ӯ уфтод? Биёед саъй кунем бифаҳмем. Рафтори зан пас аз ин иттифоқ ногаҳон тағйир кард. Хобашро аз даст дод. Радди хоби ӯ мунҷар ба ҷудоии ӯ аз хонавода, дӯстон, ҷомеа ва тамаркузи комил рӯи худаш шуд. Аммо чигуна?…

Аввалин коре ки ӯ баъд аз ҳаммом анҷом дод, нӯшидани як ливон пури брендӣ буд. Шавҳараш машруб наменӯшад, ӯ кореро ки мехост анҷом дод-амдан. Ӯ шавҳарашро дӯст дошт. Аммо ногаҳон чизе озордиҳанда дар мавриди шавҳараш пайдо кард. Ӯ шурӯъ ба мутанаффир шудан аз чизҳое кард ки шавҳараш дӯст дошт…

Зан дубора оғоз ба хондани “Анна Коренина” кард. Дар даврони донишгоҳ ошиқи хондан буд. Сипас тақрибан ҳама чизро дар мавриди хондан фаромӯш кард, гуӣ алоқаашро аз даст додааст. Ногаҳон, мутаваҷҷеҳ шуд ки чиқадр тағйир кардааст.

“Бидуни инки мутаваҷҷеҳ шавам, хотироти тамоми эҳсосоти ларзону сарбафалаккашида аз байн рафтаву нопадид шудаанд.”

“Аммо кам кам, бо гузашти моҳҳою солҳо, зиндагии шумо тағйир мекунад. Ҳамин тавр аст. Ҳич коре наметавонед дар мавриди он анҷом диҳед.”

Ҳамонтур ки медонем яке аз мавзӯҳои “Анна Коренина” марг аст. Хобро низ истиорае аз марг медонанд. Худи нависанда аз забони шахсият мегӯяд:

“Ман маргро ба унвони имтидоди хоб тасаввур карда будам. Хобе ба маротиб амиқтар аз хоби маъмулӣ. Хобе холӣ аз ҳушёрии оромиши абадӣ. Хомӯшии комил.”

Ҳамчунин Анна як шавҳар ва писар дошт ки вақте ошиқи Вирунскӣ шуд, аз назари ӯ ба тарзи чашмгире тағйир кард. Анна таҳти фишори ҳа(и)нҷорҳои иҷтимоии Русия буд, аммо ӯ гоме ҷасурона бардошту ончиро ки мехост анҷом дод. “Анна Коренина” мавзӯъоти аслии дигар монанди риёкорӣ, ҷомеъа, майлу иштиёқро низ баррасӣ мекунад. Зани достони “Хоб” ҳам дӯст дорад онро бихонад, зеро мехост ҳинҷорҳои иҷтимоиро раҳо кунад ё бишканад.

Ӯ аз робитаи ҷинсӣ бо шавҳараш имтиноъ мекунад ва ба ҷои он мутолиаро тарҷеҳ медиҳад. Ба ҳамин далел тасмим гирифт зиёд шино кунад. Танҳо чизе ки ӯ мехост ин буд ки “бадани худро аз чизе бо варзиш кардан пок кунад”. Зан беш аз ҳадди маъмул шино мекард…

Вақте писараш аз мактаб баргашт, ғизоро бо бемайлӣ пухт. Ӯ дар мақтаъе эътироф кард ки наметавонад фарзандашро онгуна ки қаблан дӯст дошт, дӯст дошта бошад. Чизе дар даруни ӯ тағйир карда буд.

Замоне ки маҷбур шуд корҳое монанди харид, ошпазию ғайра анҷом диҳад, иртиботи байни зеҳну бадани худро қатъ кард.

Бар асоси мушоҳидоту бардоштҳои фавқ, ба рӯшанӣ мебинем ки достон мисдоқи зулм аст. Зан аз зиндагии рӯзмарраи худ монда шудааст. Ӯ ҳаргиз аз ин мавзӯъ шикоят намекунад, аммо ба навъе дар замири нохудогоҳи худ аз ин зулм огоҳ аст. Ба ҳамин далел мегуяд:

«Баъд аз инки хобамро раҳо кардам, ба зеҳнам расид, ки воқеият чи чизи содаест, кор кардан бо он чи қадр осон аст”.

Вақте хобашро раҳо кард ногаҳон аз шароити худ огоҳ шуд. Бештар эҳсоси зинда будан мекунад…

Дар қисматҳои поёнии достон зан шабе шурӯъ ба ронандагии беҳадаф мекунад. Ва ин поён, албатта, таъбирҳо ва бардоштҳои зиёде дорад…

Ҷое таваққуф мекунад. Ду мард пайдо мешаванд. Мошинашро сахт такон медиҳанд. Дар онҷо чи иттифоқе мегуфтад? Тарс, таҷовуз ё чизи дигар?…

Ин ду мард метавонанд шавҳар ва писари ӯ бошанд. Онҳо ё саъй мекунанд ӯро “бедор” кунанд ё ӯро бихобонанд…

Ҳоло ҳар далеле ки бошад, достони шигифтангез аст. Шумо пас аз хондани достон ҳамчунон ба фикр кардан идома медиҳед ва даҳҳо андеша дар зеҳнатон шакл мегирад. Зани достон қурбонии зулмест, ки бештар ба афсурдагӣ ва камхобӣ меанҷомад…

(Манбаъ: сафҳаи шахсии Фирдавси Аъзам, Фейсбук)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Дарвеши хуросонӣ
Мебахшед, мутаассифам

Матолиби пурбоздид