Бархурди Каримхони Занд бо марди чоплус
Достонҳои омӯзанда
Каримхони Занд ҳар рӯз, аз субҳ то шомгоҳ, дар арки шоҳӣ менишаст ва ба умури мардум расидагӣ мекард.
Як рӯз марди чоплусе пеш омад ва ҳамин, ки чашмаш ба Каримхон афтод, шурӯъ ба ҳой-ҳой гиристан карда ва селоби ашк аз дидагон фурӯ рехт. Ӯ тавре гиря мекард, ки ҳиқ-ҳиқҳояш иҷозаи сухан гуфтан ба ӯ намедод.
Шоҳ дастур дод, ӯро ба гӯшае бибаранд ва ором кунанд ва баъд, ки ором шуд, ба ҳузур биёваранд.
Марди чоплусро бурданд ва ором карданд ва каме баъд ба ҳузури Каримхон оварданд.
Каримхон қабл аз он ки расидагӣ ба кори ӯро оғоз кунад, навозиш ва дилҷӯйии фаровоне аз вай ба амал овард ва он гоҳ аз хостааш ҷӯё шуд.
Он мард гуфт:
— Ман аз модар кӯру нобино зода шудам ва солҳо бо вазъи асафборе зиндагӣ карда ва аз неъмати биноӣ ва дидани атрофу акнофи худ маҳрум будам, то ин ки рӯзе афтону хезон худро рӯйи замин кашидам ва ба сахтӣ ба зиёрати оромгоҳи падари шумо рафта ва барои касби саломатии худ мутавассил ба марқади мутаҳҳари падари марҳуми шумо шудам. Дар он мазори мутабаррик он қадр гиря кардам, ки аз фарти хастагӣ беҳуш шуда, ба хоби амиқе фурӯ рафтам. Дар олами хоб ва руъё марде ҷалилулқадр ва нурониеро дидам, ки суроғи ман омад ва гуфт:
— Падари Каримхон ҳастам!
Он гоҳ дасте ба чашмони ман кашид ва гуфт: бархез, ки туро шифо додам!
Аз хоб, ки бедор шудам, худро бино дидам ва ҷаҳони торики пеши чашмонам рӯшан шуд. Ин ҳама гиряву зории имрӯзи ман, аз боби ташаккур ва қадрдонӣ ва сипосгузорӣ аз падари бузургвори шумо буд.
Марди чоплус бо адои ин ҷумалот ва анҷоми ин саҳнасозӣ, мутмаин буд, ки Каримхонро хом кардааст, бинобар ин мунтазири дарёфти ҳадя ва марҳамате буд, аммо дид, Каримхон барафрӯхта шуда, дунболи ҷаллод мегардад.
Мавқеъе, ки ҷаллод ҳозир шуд, Каримхон дастур дод, чашмони ин марди чоплусро аз косаи чашмонаш берун бикашад.
Дарбориён ва бузургони қавми Зандия ба дасту пойи Каримхон афтоданд ва шафоати марди мутамаллиқу чоплусро карда ва аз ӯ хостанд, аз гуноҳи ӯ даргузарад.
Каримхон хоҳиши дарбориёну атрофиёнро пазируфт, вале дастур дод, марди мутамаллиқро шаллоқ бизананд.
Ҳангоме, ки навкарони шоҳ машғули шаллоқ задани марди чоплус буданд, Каримхон хитоб ба ӯ гуфт:
— Мардаки падарсӯхта! Падари ман то вақте зинда буд, хардуздӣ мекард. Ман, ки ба мақоми шоҳӣ расидам, иддае мутамаллиқу чоплус барои хушоянди ман ва аз боби чоплусӣ, барояш марқаду оромгоҳе сохтанд ва мақбарае барпо карданд ва он ҷоро «Унёни Абулвакил» номиданд. Акнун ту, чоплуси дурӯғгӯ, омадаӣ ва падари хардузди маро соҳиби каромоту мӯъҷиза муаррифӣ мекунӣ?! Агар бузургони маҷлис иҷоза дода буданд, дубора чашмонатро дармеовардам, то биравӣ ва барои бори дуввум аз падарам чашмони тоза ва пурфурӯғ бигирӣ!
Мард сарафканда ва шармсор ба суръат аз пеши ӯ рафт ва нопадид шуд.
Қаламонлайн
qalamonline.net













