Бархӯрди ду киштии ҷангии Амрико дар обҳои Короиб
Байналмилал
Ду киштии ҷангии нерӯи баҳрии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар обҳои баҳри Короиб бо ҳам бархӯрд карданд.
Ба иттилои манобеи расмӣ, ҳодиса дар ҷараёни иҷрои як амалиёти низомӣ рух дода, дар пайи он ба ҳар ду киштӣ осеб ворид шудааст. Мақомот эълом доштаанд, ки сабабҳои дақиқи ин бархӯрд таҳти таҳқиқ қарор дошта, гурӯҳҳои вижа барои баррасии ҷузъиёти ҳодиса таъин шудаанд.
Тибқи маълумоти аввалия, дар ин ҳодиса талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо бархе аз ҳайати киштиҳо ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд.
Фармондеҳии нерӯҳои баҳрии Иёлоти Муттаҳида таъкид кардааст, ки амнияти нерӯҳо ва идомаи амалиётҳои баҳрӣ дар минтақа таҳти назорати пурра қарор дорад. Баҳри Короиб яке аз минтақаҳои муҳими стратегии фаъолияти нерӯҳои баҳрии Амрико ба шумор меравад.
Қаламонлайн
qalamonline.net













