Баёнияи Қассом: “Душманро ғофилгир кардем!”

Баёнияи Қассом: “Душманро ғофилгир кардем!”
Ахбори байналмилал
Аljazeera
Гурдонҳои Иззуддин Қассом дар баёнияе эълом карданд, ки низомиёни саҳюнистро дар минтақаи Байти Лоҳиё, воқеъ дар шимоли навори Ғазза ғофилгир карда ва 4 низомии онҳоро ба ҳалокат расонданд.
Ба гузориши Алҷазира, гурдонҳои Иззуддин Қассом, шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос, имрӯз (ҷумъа, 3 ноябр) эълом кард, ки нерӯҳояш як гурӯҳ аз низомиёни саҳюнистро дар минтақаи Байти Лоҳиё, воқеъ дар шимоли навори Ғазза ғофилгир карда ва 4 низомиро аз фосилаи сифр ба ҳалокат расонданд.
Тибқи гузориши Алҷазира, гурдонҳои Қассом ҳамчунин эълом кард: “Муҷоҳидони мо имрӯз ҷумъа як тонки “Меркава”-и артиши саҳюнистиро бо чаҳор рокети зидди зиреҳи “Ёсин-105” ҳадаф қарор дода ва мунҳадим карданд”.
Шохаи низомии ҷунбиши Ҳамос ҳамчунин баён кард: “Муҷоҳидини мо 3 худрави режими саҳюнистиро дар шимоли ғарби меҳвари Ғазза бо мушаки “Ёсин-105” ҳадаф қарор доданд”.
Артиши режими саҳюнистӣ имрӯз (ҷумъа), хабари кушта шудани 4 низомӣ ва захмӣ шудани 2 афсари дигараш тайи даргириҳои бомдод бо нерӯҳои муқовамати Фаластин дар шимоли навори Ғаззаро таъйид кард.
Ин муваффақияти низомии Ҳамос дар ҳоле идома дорад, ки гурдонҳои Қассом рӯзи гузашта (панҷшанбе) эълом карданд, ки тонкҳо ва худравҳои зиреҳии режими саҳюнистиро мунҳадим карда ва сарбозони зиёдеро дар чанд минтақа дар шимоли навор ва атрофи шаҳри Ғазза ба ҳалокат расондаанд.
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳадаф аз беъсати Паёмбар(с)
Некӯкор дар баёни Расули Акрам(с)

Матолиби пурбоздид