Шогирди Ибни Сино
Рӯзе Ибни Сино аз назди дӯкони оҳангарӣ мегузашт, ки кӯдакеро дид. Он кӯдак аз оҳангар миқдоре оташ мехост.
Оҳангар гуфт: Зарф биёвар, то дар он оташ бирезам.
Кӯдак, ки зарф ҳамроҳ надошт, хам шуд ва муште хок аз замин бардошт ва дар кафи дасти худ рехт. Он гоҳ ба оҳангар гуфт: Оташ бар кафи дастам бигузор.
Ибни Сино аз тезҳушии ӯ ба шигифт омад ва дар дил бар истеъдоди кӯдак шодмон шуд. Пас пештар рафт ва номаш пурсид. Кӯдак посух дод: Номам Баҳманёр аст ва аз хонаводае зартуштӣ ҳастам.
Ибни Сино ӯро ба шогирдӣ гирифт ва дар тарбияташ кӯшид, то ин ки ӯ яке аз ҳакимон ва донишмандони номдор шуд.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: