Ба сими охир задаанд?

Таҳлили хабарӣ
Ба сими охир задаанд?
Ёддоште аз Сайидюнуси Истаравшанӣ
1) Зарбулмасали “Ба сими охир задан”, маъмулан дар мавоқеъе гуфта мешавад, ки даст ба коре бизанӣ, ки дигар оқибати он бароят муҳим набошад, мисли замоне, ки касе дар фишор ва тангнои зиндагӣ қарор бигирад, асабӣ шуда ва аз рӯйи ночорӣ даст ба ҳар коре бизанад.
Саҳюнистҳо аз ҷумла давлатмардони онҳо, низомиён ва сиёсатмадоронаш ва ҳатто моликон ва соҳибони шабакаҳои иҷтимоъии маъруф, ки ё худ саҳюнистанд ва ё аз вобастаҳои саҳюнистҳо, ба сими охир задаанд. Чун дигар яқин пайдо кардаанд, ки давлати ҷаълии “Исроил” дар шуруфи фурӯ рехтан аст. Ин бомбборонҳои бодавоми артиши саҳюнистӣ ба навори Ғазза ва куштани ваҳшиёнаи одамони бегуноҳ ба хусус кӯдакон, дар ҳоле, ки медонанд ин корҳо ба лиҳози низомӣ ҳеч дастоварде надорад ва ба гурдонҳои Қассом ҳеч осебе нахоҳад расид, ҳама ва ҳама нишондиҳандаи он аст, ки онҳо ба сими охир задаанд.
Зеро беҳосил будани ин корҳо ба лиҳози низомӣ, барои ҳар афсари низомие равшан аст агар ӯ воқеан низомӣ бошад. Ва ба ҳамин иллат, ин корҳо ҷуз ба сими охир задан, дигар ҳеч тавҷеҳе надорад. Ё шояд низомиёни исроилӣ гумон мекунанд, ин корҳояшон натиҷа медиҳад ва як навъ “пирӯзӣ” аст. Ва агар чунин меандешанд, пас лоақал аз таҷрибаи ҳамсояи худ яъне Оли Саъуд биёмӯзанд. Дар ёддошти пешин арз кардам, ки Оли Саъуд ҳудуди 7 сол ба сари мардуми бегуноҳи Яман бомб рехтанд, вале ин бомб рехтанҳо ва куштани бегуноҳон, ҳеч дастоварде дар ноҳияи низомӣ барояшон надошт ва балки баръакс, Ансоруллоҳ беш аз пеш нерӯмандтар шуд. Хуб, ин саҳюнистҳо инро намебинанд?! Мебинанд, вале ҳамон тавре ки гуфтам, ба сими охир задаанд.
Рафтори соҳибони шабакаҳои иҷтимоъии маъруф, ки сонсури аҷибе гузоштаанд ва собиқае надошт низ нишондиҳандаи он аст, ки инҳо низ эҳсос мекунанд “Исроил” дар шуруфи суқут аст ва барои ҳифзи он, бояд даст ба ҳар коре зад. Ин шабакаҳо ҳар сафҳа ва ҳисобе, ки марбут ба Ҳамос ва Ҷиҳоди Исломӣ ва Ҳизбуллоҳ аст, бастаанд.
2) Эмманюэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса, имрӯз (сешанбе) дар сафари худ ба Телавив ва дидораш бо мақомоти аршади кишвари ҷаълии “Исроил”, ҳарфе зад, ки воқеан хандаовар аст; ӯ низ мисли дигар сарони абарқудратҳо (мисли Омрико ва Англис, ки онҳо низ барои ибрози ҳамбастагӣ ба “Исроил” омада буданд) гумон мекунад, бо “терурист” хондани Ҳамос метавон афкори умумиро тағйир дод. Ӯ бо ташбеҳи Ҳамос ба ДОЪИШ, эълом кард, ки бояд як эътилофи ҷаҳонӣ алайҳи Ҳамос ташкил шавад.
Охир, ин одам оё намедонад, ки фарқ байни Ҳамос ва ДОЪИШ аз замин то ба осмон аст?! “Терурист” чӣ сиғае аст?! Амсоли Макрон замонҳои тӯлонӣ Нелсон Манделаро низ “терурист” мехонданд. Ин оқо оё намедонад, ки Ҳамос як ҷунбиши озодибахш аст ва ақлан ва урфан ва ба тасреҳи қонунҳои байналмилалӣ, ҷунбиши озодибахш ҳаққи мубориза ва пайкор бо ишғолгарон ба ҳар шаклеро дорад?!
Ва ба илова, оё Макрон ва амсоли ӯ чашмашон дунёро намебинад?! Намебинад, ки имрӯза мардумони дунё (на давлатмардонаш) як порча бо Ҳамосанд ва алайҳи ишғолгари саҳюнист?! Ва ҳатто бисёре аз давлатмадон низ бо идома ёфтани ҷиноятҳои саҳюнистҳо ва танаффури ҷаҳониён нисбат ба “Исроил”, шурӯъ карданд ба изҳори инзиҷор. Дабири кулли СММ, ки чанд рӯз сокит буд, имрӯз аммо дигар сукуташро шикаст ва гуфт, ки Ҳамос бе далел ба “Исроил” юриш наовардааст; изҳори назаре, ки садои мақомоти саҳюнистро даровард ва онҳо алайҳи дабири кулли СММ мавзеъ гирифтанд.
ДОЪИШ чӣ буд охир?! Мардумони дунё баръакс нисбат ба ДОЪИШ ибрози инзиҷор ва танаффур доштанд. Ҷуз як мушт мазҳабии тундрав ва мутаъассиб ва уқдаӣ, аз ДОЪИШ касе ҳимоят намекард.
3) Яке ду ҷумла дорам ба касоне – ҳатто дар миёни тоҷикони худамон – ки ин пиндорро имрӯзҳо тарвиҷ мекунанд, ки гӯё набарди кунунӣ дар Фаластин, миёни чанд абарқудрат аст ва ин ҷанг дар асл гӯё миёни Русия ва Чин ва Эрон аз як тараф ва Омрико ва муттаҳидонаш аз тарафи дигар аст ва гӯё барои инҳирофи азҳони ҷаҳониён аз ҷанг дар Укройн аст ва аз ин қабил чарандиёт.
Охир, ин дигар чӣ ҳарф аст?! Шояд натоиҷи ин набард ба суди ин ё он абарқудрат ва ба зарару зиёни он ё ин бошад ва тарафе, ки ба судаш аст шояд ин пиндорро илқо кунад, ки бале, мо пушти ин қазия ҳастем, вале воқеият оё ин аст?! Оё фаластиниҳо, ки беш аз 70 сол аст сарзаминашон ишғол шуда – дар рӯзгоре, ки дигар ҳеч кишваре мустаъмара маҳсуб намешавад – ҳаққи баргардондани сарзаминашонро надоранд?! Камокон овора ва сарсон бимонанд?! Ҷанги абарқудратҳо чӣ буд охир?! Оё мефаҳмед, чӣ мегӯед?! Ё чун тараф “Исроил” аст, ин ҳарфро илқо мекунед?!
Ва агар ба фарз баъзе кишварҳо ҳомии Ҳамос бошанд ва фарз кунем, ки аз ин набард суд мебаранд, ҳатто дар ин фарз ҳам, мо бояд ҳисоби фаластиниҳоро аз ҳисоби онҳо ҷудо кунем. Хуб, фаластиниҳо бо таваҷҷӯҳ ба шароите, ки доранд, ҳар ҷиҳате, ки эъломи ҳимоят кунад, аз ӯ истиқбол мекунанд, тардаш намекунанд, ин ҳаққашон аст, чӣ Русия бошад ё Чин ва ғайра. Лоақал ин миқдорро бояд бидонед.
Ва ба илова, Қудс, ки фақат мутаъаллиқ ба фаластиниҳо нест, Қудс қиблаи мо мусалмонҳост. Мефаҳмед, қибла яъне чӣ?! Дирӯз як нафар мегуфт, ин ҷанг моли фаластиниҳост ва ба мани тоҷик ҳеч рабте надорад. Манофеъи мо тоҷикҳо иқтизо мекунад феълан ба фикри худамон бошем ва аз ин ҳарфҳо. Фақат аз манофеъу масолеҳ ҳарф мезад ба ҳадде, ки ҳама чизро ҳатто умури диниро аз равзанаи манофеъу масолеҳ медид. Мегуфт, магар фаластинӣ ба фикри мани тоҷик аст?!
Тараф зоҳиран фаромӯш карда, ки мо агар диламон барои Фаластин метапад, барои ин аст, ки қиблаи мо мусалмонҳо онҷост. Инҷо дигар қазияи манофеъу масолеҳ нест, қазияи имон ва бовар аст.
Нуктае ҳам ба баъзе мазҳабгароён, ки ба қазия аз равзанаи танги мазҳабӣ нигоҳ мекунанд ва масъаларо шиъа ва суннӣ кардаанд доштам, ки бимонад барои рӯзи дигар.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Андешаҳои доктор Насибулло Умаров перомуни ҳаводиси ахири Фаластин
Асабонияти “Исроил” аз дабири кулли СММ тааҷҷубовар нест

Матолиби пурбоздид