Беш аз 400 нафар тоҷикистонӣ дар ҷанги Русия бо Украина кушта шудаанд

466 зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Русия бо Украина кушта шудаанд

Ахбори байналмилал

Душанбе — Бар асоси гузориши Радиои Озодӣ, аз оғози ҷанги миёни Русия ва Украина то кунун 466 зодаи Тоҷикистон дар ин даргириҳо ҷони худро аз даст додаанд.

Ба навиштаи манбаъ, аксари ин афрод шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, ки дар сафи неруҳои Русия меҷангиданд. Гуфта мешавад, бархе аз онҳо пеш аз ин барои кор ё иқомат дар Русия ба сар мебурданд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон то ҳол омори мустақилона дар ин замина нашр накардаанд. Коршиносон бар ин назаранд, ки паёмадҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии ин талафот метавонад барои ҷомеаҳои маҳаллӣ дар дохили кишвар таъсиргузор бошад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамапурсӣ дар Қазоқистон
Оятуллоҳ Хоманаӣ: Телавив ва Ҳайфо бо хок яксон хоҳад шуд

Матолиби пурбоздид