Бурҳонов – номзади президенти Амрико
Ахбори байналмилал
Bomdod
Дилшод Бурҳонов, ки 42 сол дорад ва зодаи Исфараи Тоҷикистон аст, номзадии худро ба унвони номзади мустақил ба президентии Амрико пешбарӣ кардааст.
Ҳарчанд интихоботи президентӣ дар Иёлоти Муттаҳида моҳи ноябри соли 2024 доир мешавад, вале аз ҳоло довталабони зиёде корзори интихоботӣ ва таблиғотии худро оғоз кардаанд.
Аз ҷумла муҳоҷири тоҷик ҳуқуқшинос Дилшод Бурҳонов, тибқи шиори барномаи пешазинтихоботиаш, барои он вориди ин корзор шудааст, ки “Амрикоро ба сӯи боз ҳам беҳтар тағйир диҳад”.
Дар барномаи пешазинтихоботиаш Дилшод Бурҳонов аз байн бурдани монополияҳо ва танзими нархи захираҳои табиӣ ва газро ва инчунин ҳамчунин бо мақсади беҳтар кардани пуштибонии молиявии мардум хостори 50% боло бурдани сатҳи ҳадди ақали зист шудааст.
Бурҳонов ҳамчунин тарафдори ҳатмӣ гардондани варзиш барои хонандагони мактабҳо ва таблиғи тарзи солими зиндагӣ дар байни ҷавонон буда, дар айни замон мехоҳад, ки таблиғи ҳамҷинсгароӣ (ЛГБТК+) дар мактабҳо мамнӯъ шавад.
Албатта, шонси сабти ном шудани Дилшод Бурҳонов чандон зиёд нест. Пеш аз ҳама ба ин далел, ки тибқи қонун, танҳо касоне, ки дар Амрико ба дунё омадаанд, метавонанд президенти Амрико шаванд. Паҳлуи дигари масъала ин аст, ки ҳарчанд ҳар дафъа ба интихоботи президентии Амрико даҳҳо нафар номзадии худро пешбарӣ мекунанд, ба таври суннатӣ мубориза барои ин мақом байни номзадҳо аз ду ҳизби асосии Ҷумҳурихоҳ ва Демократ доир мешавад ва маъмулан номзадҳо аз ҳамин ду ҳизб бо навбат президент мешаванд.
Bomdod