Вазири дороии Исроил: “Беҳтарин замон барои ишғоли комили Ғазза фаро расидааст”
Ахбори байналмилал
Вазири дороии Исроил таъкид кард, акнун беҳтарин шароит барои ишғоли комили навори Ғазза ва салби ҳокимияти Ҳамос бар ин минтақа аст.
Ба гузориши хабаргузории Baha, Бетсалел Смотрич, вазири дороии режими саҳюнистӣ ва раиси Ҳизби саҳюнизми динӣ, таъкид кард, мо ҳамчунон дар нимаи роҳи амалиёти худ қарор дорем, аммо вақти он фаро расида, то ин роҳро ба поён бирасонем.
Ӯ афзуд: “Мо бояд аз фурӯпошии меҳвари шарорат камоли истифодаро бибарем ва аз ин тариқ битавонем тамоми тавони худро барои тақобул бо Эрон мутамаркиз намоем.”
Смотрич дар робита бо ҷанг дар Ғазза ҳам гуфт: “Мо бояд маъмурияти ишғоли Ғазза ва аз байн бурдани Ҳамосро то бозгашти тамоми рабудашудагон идома диҳем ва тазмин кунем, ки дигар ҳеч таҳдиде аз ин минтақа мутаваҷҷеҳи Исроил нахоҳад буд. Вақти он фаро расидааст, то кулли минтақаро ишғол ва ҳокимияти ғайринизомии Ҳамос бар онро ҳам аз байн бибарем.”
Қаламонлайн