Вазири собиқи Исроил: Эъломи вазъияти омодабош, дастоварде барои Эрон ва Ҳизбуллоҳ аст

Вазири собиқи Исроил: Эъломи вазъияти омодабош, дастоварде барои Эрон ва Ҳизбуллоҳ аст

Ахбори байналмилал

Вазири ҷанги собиқи Исроил: “Ба такрор эълони вазъияти омодабош дар Исроил накунед, ин, дастоварде барои Эрон ва Ҳизбуллоҳ аст”

Авигдор Либерман, вазири ҷанги собиқи Исроил, сӯҳбатҳои ба такрори Телавив дар мавриди афзоиши вазъияти омодабош ва фарохони мукаррар барои ҳушёриро “дастоварде барои эрониҳо ва Ҳизбуллоҳ” донист.

Ба гузориши Ал-қудс ал-арабӣ, аз замони терури Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар Теҳрон, пойтахти Эрон дар охирҳои июл, мақомот ва артиши Исроил дар мавриди афзоиши вазъияти омодабош сӯҳбат мекунанд ва аз исроилиҳо мехоҳанд дар қиболи посухи эҳтимолии Эрон ҳушёр бошанд.

Либерман, раҳбари ҳизби ростгарои “Исроил, хонаи мо” дар гуфтугӯ бо радиои артиши Исроил гуфт: “Сӯҳбатҳои мукаррар дар мавриди қарор доштан дар авҷи таниш ва ҳушёрӣ, дар воқеъ як дастовард барои эрониҳо, Ҳизбуллоҳ ва бақияи ин меҳвар аст.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Посухи мо қавӣ, муассир ва коромад хоҳад буд”
Reuters: Омрико: “Аз тариқи кишварҳои мухталиф, ба Эрон паём фиристодем”

Матолиби пурбоздид