Вазири хориҷаи Бритониё ҳақро бо Эрон медонад

Вазири хориҷаи Бритониё ҳақро бо Эрон медонад

Вазири хориҷаи Бритониё ба сурати зимнӣ ба ҳаққи Эрон барои посух ба Исроил эътироф кард

Ахбори байналмилал

Guardian

Ба гузориши Guardian, шабакаи хабарии Sky News, аз Дэвид Кэмерон, вазири умури хориҷаи Бритониё пурсид, ки оё агар яке аз сохтмонҳои диплумотики ин кишвар дар кишвари дигаре бо хок яксон мешуд, Англис талофӣ мекард?

Кэмерон дар посух пазируфт, ки Эрон то ҳудуде ҳақ дорад ба тахриби сохтмони диплумотики худ дар Димишқ посух диҳад, аммо ӯ гуфт, миқёси вокуниши Теҳронро ба далел зарфияти он барои эҷоди талафоти ғайринизомӣ номутаносиб медонад.

Кэмерон, бо таъкид бар иқдоми Эрон дар мавриди ҳамла ба бахше аз қаламрави ҳокимияташ дар ҳангоми ҳамла ба сохтмони диплумотик, идома дод:

“Ман метавонам истидлол кунам, ки тафовути зиёде байни он чи Исроил дар Димишқ анҷом дод ва 301 мушак ва паҳподе, ки тавассути давлати Эрон ба самти Исроил партоб мешавад, вуҷуд дорад, барои аввалин бор як кишвар дар ҳоли ҳамлаи давлатӣ 101 мушаки болистик, 36 мушаки круз ва 185 паҳпод ба як кишвари дигар шиллик кард; ин як дараҷа тафовут аст. Ва ман фикр мекунам, як кори бепарво ва хатарнок барои Эрон будааст ва фикр мекунам, тамоми дунё метавонанд бибинанд. Ҳамаи ин кишварҳое, ки ба навъе тааҷҷуб кардаанд.”

Сипас аз ӯ пурсида шуд, ки агар як кишвари мутахосим яке аз консулгариҳои моро бо хок яксон кунад, Бритониё чӣ мекунад? – ки ӯ посух дод: “Хуб, мо хеле қавӣ хоҳем буд.”

Guardian

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Осмони он шаби Ғазза чӣ зебо буд!
Вазири фарҳанг ва варзиши Исроил: “Мо шикаст хӯрдем!”

Матолиби пурбоздид