Виткоф: Чаро Эрон таҳти фишори Омрико таслим нашудааст?!

Виткоф: Чаро Эрон таҳти фишори Омрико таслим нашудааст?!

Ахбори байналмилал

Стив Виткоф дар мусоҳиба бо Fox News: “Тромп дар ҳайрат аст, ки чаро Эрон таҳти фишори Омрико таслим нашудааст?!”

Стив Виткофф, фиристодаи вежаи Омрико гуфт, раисиҷумҳур Дунолд Тромп дар ҳайрат аст, ки чаро Эрон таҳти фишори фазояндаи Вошингтун таслим нашудааст?!

Виткофф дар мусоҳиба бо Fox News гуфт, Тромп ин суолро матраҳ мекунад, ки чаро Теҳрон бо вуҷуди истиқрори қобили тавваҷӯҳ ва чашмгири нерӯи дарёии Омрико дар минтақа, ҳанӯз таслим нашудааст.

Вай афзуд: “Раиси ҷумҳур имрӯз субҳ инро аз ман пурсид ва ӯ – намехоҳам аз калимаи ноумедӣ истифода кунам, чун медонад, ки гузинаҳои зиёде дорад – аммо дар ҳайрат аст, ки чаро таслим нашудаанд”.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Таҳдиди ҳукумати Ҷулонӣ аз тарафи Доиш
Расонаи амрикоӣ: Ҳамла ба Эрон душвор хоҳад буд!

Матолиби пурбоздид