Вокуниши корбарони хориҷӣ: тағйири режим дар Амрико

Вокуниши корбарони хориҷӣ: тағйири режим дар Амрико

Ахбори байналмилал

Доналд Тромп рӯзи ҷумъа иддао кард, ки «тағйири режим дар Эрон беҳтарин иттифоқе аст, ки метавонад рух диҳад». Ин изҳорот бо вокуниш ва интиқоди шадиди корбарони хориҷӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Ба гузориши корбарон, чунин мавзеъгириҳо ғайримасъулона арзёбӣ шуда, бархе аз онҳо бо ишора ба парвандаи Ҷеффри Эпстайн Тромпро ба вобастагӣ ба доираҳои қудрат муттаҳам кардаанд. Онҳо ҳамчунин ӯро «бозичаи дасти» Бинёмин Нетаняҳу хондаанд.

Корбарони хориҷӣ таъкид кардаанд, ки ба ҷои дахолат дар умури дигар кишварҳо, таваҷҷуҳ бояд ба мушкилоти дохилии худи Иёлоти Муттаҳида равона шавад. Ба гуфтаи онҳо, «оромиши воқеии ҷаҳон» танҳо дар сурати амалӣ шудани он чизе ба вуҷуд меояд, ки онро «тағйири режим дар Амрико» меноманд.

Ин вокунишҳо дар ҳоле баён мешаванд, ки изҳороти сиёсатмадорони амрикоӣ дар бораи кишварҳои дигар ҳамеша баҳсҳои густарда дар сатҳи байналмилалӣ барангехта, ба мавҷи интиқодҳо дар фазои маҷозӣ доман мезанад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Намояндаи Кунгра: Кӯмакҳои беқайду шарт ба Исроил мантиқӣ нест
Уламо ва ҳукком

Матолиби пурбоздид