Вокуниши раҳбари Эрон ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии ин кишвар: “Режими саҳюнистиро пушаймон хоҳем кард!”

Вокуниши раҳбари Эрон ба ҳамлаи Исроил ба консулгарии ин кишвар: “Режими саҳюнистиро пушаймон хоҳем кард!”

Ахбори байналмилал

Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ.И.Эрон, дар паёме, ба хотири шаҳодати женерол Муҳаммадризо Зоҳидӣ ва ҷамъе аз ҳамразмони вай аз сӯйи Исроил, таъкид кард: “Онҳоро аз ин ҷиноят ва амсоли он пушаймон хоҳем кард ба ҳавлу қувваи илоҳӣ!”

Ба гузориши Исно, матни паёми раҳбари Ҷ.И.Эрон ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир раҳонир раҳим

Сардори рашид ва фидокори ислом, сарлашкари посдор Муҳаммадризо Зоҳидӣ, дар канори ҳамразми бузургвораш сардор Муҳаммадҳодӣ Ҳоҷ Раҳимӣ, бо ҷинояти режими ғосиб ва манфури саҳюнист ба шаҳодат расиданд. Салом ва раҳмати Худо ва авлиёаш бар онон ва дигар шаҳидони ин ҳодиса ва лаънат ва нафрин бар сардамдорони режими золим ва мутаҷовиз!

Шаҳидони мо аз Худованди меҳрубони худ, нишони қабули муҷоҳадати дарозмуддати худро дарёфт карданд ва ҳамакнун дар ҷамъи авлиё ва сулаҳо, мутаннаъим ба ниъами илоҳианд.

Сардор Зоҳидӣ аз даҳаи шаст дар майдонҳои хатар ва муҷоҳадат, чашминтизори шаҳодат буд. Онҳо чизеро аз даст надода ва подоши худро дарёфт кардаанд, вале ғами фуқдони онон барои миллати Эрон бавежа ҳар ки ононро мешинохт сангин аст.

Режими хабис ба дасти диловармардони мо муҷозот хоҳад шуд. Онҳоро аз ин ҷиноят ва амсоли он пушаймон хоҳем кард ба ҳавлу қувваи илоҳӣ!

Вассалому ало ибодиллоҳис солиҳин

Сайидалӣ Хоманаӣ

Isna

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Рамазони тоҷикӣ
Сайидҳасан Хумайнӣ: “Ҷинояти режими саҳюнисти мӯҳтоҷи посухе муносиб ва боздоранда аст”

Матолиби пурбоздид