Вуруди Олмон, ба унвони бозигари ҷадиди минтақаи Осиёи Миёна

Вуруди Олмон, ба унвони бозигари ҷадиди минтақаи Осиёи Миёна

Ахбори минтақа

Олмон – бозигари ҷадиди минтақаи Осиёи Миёна

29-сентябр, Берлин мизбони гуфтугӯи сарони Осиёи Миёна ва раиси ҷумҳури Олмон хоҳад буд.

Пеш аз ин низ, дар моҳи июни соли ҷорӣ, шоҳиди сафари Франк Волтер Штанмайер  (Frank-Walter Steinmeier) ба Қазоқистон ва Қирғизистон будем.

Моҳи маи соли 2023, Шавкат Мирзиёев ба Олмон сафар кард ва моҳҳои август ва сентябр, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ, бо ду мақоми олирутбаи иқтисодии Олмон ба гуфтугӯ нишаст.

Расонаи Ankasam дар мақолае, ангезаҳои аслии Олмон барои тавсиаи равобит бо Осиёи Миёнаро, дар дараҷаи аввал, майл ба дастёбӣ ба бозорҳои густардатар; дуввум, ҷойгузинсозии манобеи энержии Олмон, барои ғалаба бар таъсири манфӣ ва вобастагӣ ба энержии Русия; севвум, нияти Олмон барои ҳузур дар Осиёи Миёна ва ширкат дар рақобат бо русия ва Чин донистааст.

Бархе низ бар ин боваранд, ки тамоюли Олмон ба боқӣ мондан ба унвони як қудрати ҷаҳонӣ, Берлинро вориди “Бозии бузурги ҷадид” дар Осиёи Миёна кардааст.

Сомонаи иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аввалин нишасти вузарои ҳамлу нақли кишварҳои Осиёи Миёна ва Чин
Анҷумани кории Тоҷикистон ва Белорус баргузор мешавад

Матолиби пурбоздид