Густариши эътирозоти донишомӯзии зидди Тромп дар Амрико
Ахбори байналмилал
Дар ҳафтаҳои ахир дар чанд иёлати Амрико эътирозҳои донишомӯзӣ алайҳи сиёсати муҳоҷиратии давлат афзоиш ёфтааст. Донишомӯзон бо тарки синфҳои дарсӣ ва баргузории тазоҳурот норозигии худро аз фаъолияти Идораи муҳоҷират ва гумруки Амрико (ICE) ва сиёсатҳои сахтгиронаи муҳоҷиратии давлати Доналд Тромп баён кардаанд.
Ба гуфтаи манобеи расонаӣ, ин тазоҳурот дар чанд иёлат баргузор шуда, ширкаткунандагон бо шиорҳо ва плакатҳо талаб кардаанд, ки иқдомҳои ICE алайҳи муҳоҷирон бозбинӣ ва сиёсати муҳоҷиратӣ нармтар шавад. Эътирозгарон бар ин боваранд, ки сиёсати кунунӣ ба хонаводаҳои муҳоҷир осеби ҷиддӣ мерасонад ва бо усулҳои инсонӣ созгор нест.
Мақомоти маҳаллӣ дар бархе минтақаҳо аз идомаи эътирозоти осоишта хабар дода, таъкид кардаанд, ки вазъ таҳти назорат қарор дорад. Ҳамзамон, баҳсҳо дар ҷомеаи Амрико дар бораи муҳоҷират ва нақши ICE ҳамчунон яке аз мавзӯъҳои доғи сиёсӣ боқӣ мемонад.













