Давлати Сомониён

Таърих

Давлати Сомониён

Таърихи тоҷикон

Дар садаи X мелодӣ, дар замони хилофати сулолаи аббосиён, амирони Сомонӣ, ки аз хонаводаи тоҷик буданд бархоста, бар Вароруд (Мовароуннаҳр) ва Хуросон фаромонраво гаштанд. Давлати Сомониён (819-999) – нахустин давлати миллии тоҷикон ташкил гардид.

Ду давлати дигари тоҷикон – давлати Ғуриён (1150—1215) ва давлати Куртҳои Ҳирот (1245—1381) дар Хуросон ва Шимоли Ҳиндустон муддате арзи ҳастӣ намуданд.

Пас аз  Сомониён (819—999) бар ин сарзамин султону хонҳои турку муғултабор аз силсилаҳои хонадони Ғазнавиён (998—1187), Қарохониён (1005—1141), Қарохитоиён (1141—1212), Салҷуқиён (1037—1194), Хоразмшоҳиён (1077—1231), Чингизиён (1220—1370), Темуриён (1370—1501), Шайбониён (1501—1599), Аштархониён (1599—1753) ва Манғитиён (1753—1920) ҳукумат доштаанд.

Дар солҳои 1864—1895 ин сарзаминро, ки дар дасти амирони манғитияи Бухоро ва хони Хӯканд буд, русҳо гирифтанд ва бахше аз сарзамини мустамликадории Империяи Русия карданд.

Дар солҳои 1917—1921 дар ин кишвар муборизаи хунин барои пойдор намудани низоми шӯравии коммунистӣ падид омад, ки боиси хиҷрати бахше аҳолӣ аз Ватан гардид.

Пас аз шикасти амири Бухоро аз шӯришчиёни инқилобӣ дар 2 сентябри соли 1920, дар сарзамини ин аморат Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бунёд ёфт…

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлойн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Афзоиши дубаробарии қочоқи маводди мухаддир
Мӯъмин Қаноат

Матолиби пурбоздид