Дард

Адаб

Дард

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Мабоҳиси фалсафӣ

“Ҳеч гоҳ роҷеъ ба фалсафаи дард фикр кардаед?

Мо мегӯем, дард бад аст. Дард ҳам мисли шак аст.

Дард хуб аст ё бад? Мумкин аст, касе бигӯяд, дард бад аст.

На! Дард бад аст, вале дар айни ҳол дард хуб аст. Агар дард набошад, инсон беморӣ ва эҳтиёҷро чӣ гуна эҳсос мекунад? Агар дили инсон дард нагирад, аз куҷо мефаҳмад захми меъда дорад ва чӣ гуна меравад дунболи даво ё амали ҷарроҳӣ? Агар сари инсон дард нагирад, инсон кай меравад дунболи муолиҷа?

Худи гуруснагӣ як дард аст, инсон нороҳат мешавад, вале лозим аст. Агар инсон ин дардро эҳсос накунад, дунболи ғизо намеравад. Агар инсон ташнагиро эҳсос накунад, дунболи об намеравад.

Дард дар айни ин ки инсонро нороҳат мекунад, эъломи эҳтиёҷи табиат аст; табиати бадани шумо дод мекашад, вақте мехоҳад ба шумо иттилоъ бидиҳад – ӯ, ки забон надорад, ки ҳаворо ба мавҷ дарбиёварад – ман ғизо лозим дорам, дарде ба номи гуруснагӣ бар шумо мусаллат мекунад. Вақте мехоҳад бигӯяд, ман об лозим дорам, дарде ба номи ташнагӣ мусаллат мекунад. Вақте мехоҳад бигӯяд, ки уфунате дар фалон қисмати бадан пайдо шудааст, узве як нороҳатӣ дорад, ба сурати дард ба шумо эълом мекунад. Ва бинобар ин, вой ба ҳоли он маризе, ки маразаш марази бедард бошад. Намефаҳмаду намефаҳмад, рӯзе мутталеъ мешавад, ки кор аз кор гузаштааст. Дард, бад аст, чун инсонро ранҷ медиҳад ва инсон мехоҳад дард надошта бошад, вале дард хуб аст аз ин назар, ки эъломи эҳтиёҷи табиати инсон аст…”

(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Понздаҳ гуфтор)

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Устои поквиҷдон
Отифа ва Худо

Матолиби пурбоздид