Дар хушҳол кардани мардум бикӯшед
Даҳ панди Имом Ризо(р)
Аввал: Дар хушҳол кардани мардум бисёр бикӯшед, то дар қиёмат, Худованд хушҳолатон кунад.
Дуввум: То метавонед сукут ихтиёр кунед, ки сукут боиси муҳаббат мешавад ва роҳнамову роҳкушои ҳар чизест.
Севвум: Дар хондани сураи Ҳамд истимрор биварзед, ки ҷамеи хайри дунё ва охират дар он гирд омадааст.
Чаҳорӯм: Дар барқарор кардани силаи раҳим собитқадам бошед, ки беҳтарин навъи он худдорӣ аз озори хешовандон аст.
Панҷӯм: Ба рӯзии андаки Худованд розӣ бошед, то Худованд низ аз амали ками шумо розӣ бошад.
Шашӯм: Ба касе, ки аз Худо наметарсад умед надошта бошед, ки на таҳҳуд дорад, на наҷобат дорад ва на карам.
Ҳафтӯм: Бисёр эҳсон кунед, ки Худованд дар қиёмат як нисфаи хурморо монанди кӯҳи Уҳуд бузург мекунад.
Ҳаштӯм: Ҳаққунносро (ҳаққи мардумро) риоят кунед, ки дӯстии Муҳаммад ва оли Муҳаммад бидуни он пазируфта нест.
Нӯҳӯм: Аз бахшише, ки зиёнаш барои ту бештар аз судест, ки ба дигарон мерасад, ҳазар кун.
Даҳӯм: Бисёр муроқиби кирдори худ бошед то мавриди тӯҳмату иттиҳом қарор нагиред, ки дар он сурат, ҳаққи маломат кардани каси дигареро надоред.
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: