Дастури халифа
Мактаби инсоният
Алӣ ҳангоме, ки ба сӯи Куфа меомад, вориди шаҳри Анбор шуд, ки мардумаш эронӣ буданд.
Кадхудоён ва кишоварзони эронӣ хурсанд буданд, ки халифаи маҳбубашон аз шаҳри онҳо убур мекунад, ба истиқболаш шитофтанд. Ҳангоме, ки маркаби Алӣ ба роҳ афтод, онҳо пешопеши маркаби Алӣ шурӯъ карданд ба давидан.
Алӣ онҳоро талабид ва пурсид:
— Чаро медавед? Ин чӣ корест, ки мекунед?
— Ин як навъе эҳтиром аст, ки мо нисбат ба умаро ва афроди мавриди эҳтироми худ мекунем. Ин, суннат ва як навъ адабест, ки дар миёни мо маъмул будааст.
— Ин кор шуморо дар дунё ба ранҷ меандозад ва дар охират ба шақоват мекашонад. Ҳамеша аз ин гуна корҳо, ки шуморо пасту хор мекунад, худдорӣ кунед. Ба илова, ин корҳо чӣ фоидае ба ҳоли он афрод дорад?
(Манбаъ: Достони Ростон, таълифи шаҳид Мутаҳҳарӣ ба нақл аз “Наҳҷулбалоға”)
qalamonline.net
Қаламонлайн












