Даҳ гуфтор – ХХI
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши бисту якум
Олими замони хештан бош
Каломе дорад Имом Содиқ (а), ки бисёр каломи бузурге аст. Ҳадисе аст дар “Кофӣ “, дар зимни он ҳадис ин ҷумла аст:
العالم بزمانه لا تهجم عليه اللوابس
(ҷ.1 с.26 ва 27) Яъне касе, ки замони худашро бишносад ва бифаҳмад ва дарк кунад, умури муштабаҳ ва гиҷкунанда ба ӯ ҳуҷум намеоварад.
Калимаи “ҳуҷум”-ро мо дар урфи форсии худ дар мавриди ҳар ҳамлаи шадид ба кор мебарем, аммо дар арабӣ ба маънии ҳамлае аст, ки ногаҳонӣ ва ғафлатан бишавад ва тарафро ғофилгир кунад. Имом мефармояд: агар касе ба вазъи замони худ ошно бошад, умури муштабаҳ ногаҳон бар сараш намерезад, ки якмартиба дасту пойи худро гум кунад ва натавонад қувваҳои худро ва фикри худашро ҷамъу ҷур кунад ва роҳи ҳалле пайдо кунад.
Бисёр каломи бузурге аст ин калом. Дар ҳамин ҳадис ҷумлаҳои зиёде ҳаст, ки ман ҳамаро ҳифз нестам. Аз он ҷумла мефармояд:
لا يفلح من لا يعقل، ولا يعقل من لا يعلم
Касе, ки таъаққул намекунад ва дуруст намеандешад, ҳаргиз растгор намешавад ва касе, ки илм надорад, таъаққули саҳеҳ надорад, яъне ақл ба илм зиёд мешавад. Ақл яъне қудрати таҷзия ва таҳлил ва рабт додани қазоё, яъне муқаддамотро ба даст овардан ва натоиҷро пешбинӣ кардан. Ақл аз илм моя мегирад. Ақл чароғе аст, ки нафти он чароғ, илм аст. Баъд мегӯяд:
وسوف ينجب من يفهم
Ва ҳар кас, ки бифаҳмад, оқибат кораш наҷобат аст, оқибат мавҷуди нафисе аз кор дармеояд. Яъне аз илм набояд тарсид, илмро набояд хатар ба шумор овард.
Мо нуқтаи муқобил ва машмули мафҳуми мухолифи
العالم بزمانه لا تهجم عليه اللوابس
— ҳастем. Аз аввал то ба охир, аз садр то ба соқа,
من الباب الی المحراب
— аз замони худ бехабарем. Ҳамин тавр нишаста ва бехабарем ва чурт мезанем, як мартиба мувоҷеҳ мешавем масалан бо ин масъала, ки заминҳо бояд тақсим шавад ва бояд ислоҳоти арзӣ бишавад. Ин масъала ғафлатан бар мо ҳуҷум меоварад, чун аз замони худамон бехабарем, қаблан пешбинӣ накарда будем ва ҳисоб накардем, ки таклиф чист ва чӣ бояд кард.
Ва ҳамчунин бехабар аз он чи дар дунё мегузарад ва бехабар аз он чи дар пушти парда аст, якмартиба бо масъалаи ҳуқуқи иҷтимоии зан мувоҷеҳ мешавем, фурсат нест фикр бикунем дар атрофи ин масъала ва қувваҳои худро ҷамъу ҷур бикунем, бифаҳмем оё ин масъала воқеан ҷиддӣ аст? Оё ростӣ ин касоне, ки мегӯянд, бояд ба зан ҳуқуқи иҷтимоӣ дода шавад, ҷиддӣ мегӯянд? Оё зимнан намехоҳанд аз ин ҷанҷолҳо як истифодаи дигаре бикунанд? Боз ҳам пушти сари ҳам аз ин умури муштабаҳ ва аз ин “лавобис “хоҳад омад ва мо бехабарем.
Аз 60 сол ва 100 сол пеш барои соири кишварҳои исломӣ ҳам ин масоил ва аз он ҷумла масъалаи ҳидояти насли ҷавон пеш омад, вале онҳо пештар аз мо ба фикри чора афтоданд.
Чӣ бояд кард?
Муҳимтар аз ин ки тарҳе барои раҳбарии ин насл таҳия кунем ин аст, ки ин фикр дар мо қувват бигирад, ки масъалаи раҳбарӣ ва ҳидоят, аз лиҳози токтик ва кайфияти амал дар замонҳои мутафовит ва дар мавриди ашхоси мутафовит, фарқ мекунад ва мо бояд ин хаёлро аз каллаи худ берун кунем, ки насли ҷадидро бо ҳамон методи қадим раҳбарӣ кунем.
Аввалан, бояд насли ҷавонро бишносем ва бифаҳмем, дорои чӣ мушаххасот ва мумайизоте аст?
Дар бораи ин насл, ду тарзи тафаккур шойеъ аст ва маъмулан ду ҷур қазоват мешавад. Аз назари як табақа, инҳо як идда мардуме ҳастанд хом, мағрур, гирифтори ҳавову ҳавас, шаҳватпараст, дорои ҳазор айб. Ин табақа ҳамеша ба ин насл даҳанкаҷӣ мекунанд ва носазо мегӯянд. Аммо аз назари худи насли ҷавон, дуруст ба акс аст. Онҳо дар худашон айб намебинанд, худашонро муҷассамаи ҳуш, муҷассамаи фатонат, муҷассамаи ормонҳои олӣ медонанд. Насли куҳан инҳоро такфир ва тафсиқ мекунад ва инҳоро таҳмиқ ва таҷҳил. Онҳо ба инҳо мегӯянд, шумо кофиред, шумо шаҳватпарастед. Инҳо ба онҳо мегӯянд, шумо нодонед, шумо намефаҳмед.
Албатта аз назари куллӣ як насл нисбат ба насли пеш мумкин аст солеҳ бошад ва мумкин аст мунҳариф бошад.
Намунаи ду насл
Оёте дар сураи муборакаи Аҳқоф аст, ки қабл аз суханронӣ тиловат шуд. Ба назари ман, ду тоблу аст аз ду насл: яке аз насли солеҳ ва яке аз насли мунҳариф. Намешавад гуфт, ҳамеша насли баъдӣ аз насли қаблӣ фосидтар аст ва дунё рӯ ба фасод меравад. Ва намешавад гуфт, ҳамеша насли баъдӣ аз насли қаблӣ комилтар аст ва дучори инҳитот намешавад. Оятҳо ин аст:
وَوَصَّيْنَا الْإِنْسَانَ بِوَالِدَيْهِ إِحْسَانًا ۖ حَمَلَتْهُ أُمُّهُ كُرْهًا وَوَضَعَتْهُ كُرْهًا ۖ وَحَمْلُهُ وَفِصَالُهُ ثَلَاثُونَ شَهْرًا ۚ حَتَّىٰ إِذَا بَلَغَ أَشُدَّهُ وَبَلَغَ أَرْبَعِينَ سَنَةً قَالَ رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَىٰ وَالِدَيَّ وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ وَأَصْلِحْ لِي فِي ذُرِّيَّتِي ۖ إِنِّي تُبْتُ إِلَيْكَ وَإِنِّي مِنَ الْمُسْلِمِينَ
(Сураи Аҳқоф, ояти 15) Мо инсонро суфориш кардем ба некӣ нисбат ба падару модар. Модараш ба сахтӣ бори ӯро кашид ва ба сахтӣ ба замин ниҳод. Муддати бордорӣ то ҷудо шудан аз ширхорагӣ маҷмӯъан 30 моҳ буд, то расид ба синни 40-солагӣ ва гуфт: Парвардигоро! Ба ман илқо кун, ки неъмати туро, ки ба ман ва падару модарам инъом кардаӣ шукргузорӣ ва қадрдонӣ кунам ва амали солеҳе, ки мӯҷиби ризо ва хушнудии ту бошад баҷо оварам. Парвардигоро! Насли маро солеҳ гардон! Ман ба сӯйи ту бозгашт мекунам ва аз касоне ҳастам, ки таслими амри ту ҳастанд.
Ин оят тарзи фикру андешаи як насли солеҳро зикр мекунад. Гуфта шуда, ки ин оят дар бораи ҳазрати Сайидушшуҳадо (а) аст. Албатта эшон мисдоқи атамми оят ҳастанд, аммо оят куллӣ аст. Дар ин оят панҷ шаш хусусият барои насли солеҳ зикр мекунад.
Яке руҳи шукргузорӣ ва қадрдонӣ нисбат ба неъматҳо ва мавҳибатҳои хилқат.
رَبِّ أَوْزِعْنِي أَنْ أَشْكُرَ نِعْمَتَكَ الَّتِي أَنْعَمْتَ عَلَيَّ وَعَلَىٰ وَالِدَيَّ
Чашм меандозад ба ин ҳама неъматҳо ва мавҳибатҳо, ки Худованд бар ӯ ва бар насли гузашта кардааст, мегӯяд: Худоё! Ба ман нерӯ бидеҳ, қувват бидеҳ, ки битавонам ҳақшиносӣ ва қадрдонӣ кунам, аз неъматҳои гузашта тибқи ризои ту истифода бикунам. Шукри ҳар неъмат ин аст, ки баҳрае, ки шоистаи он неъмат аст, аз ӯ гирифта бишавад.
Дигар ин ки аз Худованд тавфиқи амал ва кор мехоҳад. Рӯ ба кору амал оварда, он ҳам кори муфид, ки мавриди ризоят Худо аст:
وَأَنْ أَعْمَلَ صَالِحًا تَرْضَاهُ
Дигар ин ки таваҷҷӯҳ дорад ба насли оянда ва салоҳ ва ислоҳи он насл. Мегӯяд:
وَأَصْلِحْ لِي فِي ذُرِّيَّتِي
Чаҳорум: ҳоли тавба ва бозгашт аз тақсирҳо ва кӯтоҳиҳое, ки дар гузашта сурат гирифта:
إِنِّي تُبْتُ إِلَيْكَ
Панҷум: ҳолати таслим ба Ҳақ ва муқаррароте, ки Худованд дар таквин ва ё ташреъ қарор додааст. Тахаллуф аз ин муқаррарот аст, ки сабаби нобудӣ ва ҳалокат аст.
وَإِنِّي مِنَ الْمُسْلِمِينَ
Дар бораи ин насл мефармояд:
أُولَٰئِكَ الَّذِينَ نَتَقَبَّلُ عَنْهُمْ أَحْسَنَ مَا عَمِلُوا وَنَتَجَاوَزُ عَنْ سَيِّئَاتِهِمْ فِي أَصْحَابِ الْجَنَّةِ ۖ وَعْدَ الصِّدْقِ الَّذِي كَانُوا يُوعَدُونَ
(Сураи Аҳқоф, ояти 16) Дар ин ҷо ба сурати ҷамъ зикр мекунад. Маълум аст, ки мақсуд як фарди билхусус нест. Мефармояд, ин гуна афрод ва ин гуна насл аст, ки мо аъмоли некӯи онҳоро мепазирем ва аз хатоҳои онҳо мегузарем ва аз аҳли биҳишт ҳастанд. Ваъдаи росте аст, ки ба онҳо дода мешавад.
Ояти баъд дар бораи як насли фосид ва мунҳариф аст. Мефармояд:
وَالَّذِي قَالَ لِوَالِدَيْهِ أُفٍّ لَكُمَا أَتَعِدَانِنِي أَنْ أُخْرَجَ وَقَدْ خَلَتِ الْقُرُونُ مِنْ قَبْلِي وَهُمَا يَسْتَغِيثَانِ اللَّهَ وَيْلَكَ آمِنْ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ فَيَقُولُ مَا هَٰذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ
(Сураи Аҳқоф, ояти 17) Як насли мағрур, як насли хом, як насли напухта, ду калима, ки ба гӯшаш расид, дигар ба ҳеч чиз побанд нест, Худоро банда нест. Ба падару модараш мегӯяд: уф бар шумо! Онҳоро таҳқир мекунад, ба афкор ва ақоиди онҳо механдад, мегӯяд:
أَتَعِدَانِنِي أَنْ أُخْرَجَ
Шумо ба ман ин мавҳумотро ваъда медиҳед ва мегӯед, қиёмате ҳаст, олами дигаре ҳаст, зиндагии дигаре ҳаст ва ҳол он ки наслҳое дар гузашта омаданд ва зиндагӣ карданд ва мурданд ва вафот шуданд. Падару модараш, ки мутадайинанд ва ҳозир нестанд ҳеч чиз бар хилофи дину имон бишнаванд ва аз он тараф ҳам мебинанд азизашон ин тавр ҳарф мезанад, нороҳат мешаванд мегӯянд:
وَيْلَكَ آمِنْ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ
Вой бар ту! Инкор накун. Ваъдаи Худо ҳақ аст.
Яке аз дардноктарин умур ин аст, ки падару модари мутадайин бибинанд фарзанди азизашон бедин шуда ва аз ӯ ридда ва иртидод ва куфр бибинанд. Дар ин вақт аст, ки фарёди истиғосаашон ба осмон баланд мешавад.
وَهُمَا يَسْتَغِيثَانِ اللَّهَ
Аммо ӯ мегӯяд:
مَا هَٰذَا إِلَّا أَسَاطِيرُ الْأَوَّلِينَ
Инҳо афсонаҳое аст, ки гузаштаҳо дуруст кардаанд.
Ин оёт мазҳари ду насли мухталиф буд: яке ҳолати як насли солеҳро баён мекунад ва яке ҳолати як насли фосидро. Ҳоло бибинем насли ҷавони мо чӣ тавр аст?
Идома дорад…
Қаламонлайн