Дидори Исмоил Ҳания бо Оятуллоҳ Хоманаӣ
Ахбори байналмилал
Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари Ҷ И Эрон, дар дидор бо Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос, бар лузуми таҳарруки ҷиддии кишварҳои исломӣ ва маҷомеъи байналмилалӣ ва ҳимояти ҳамаҷониба ва амалии давлатҳои исломӣ аз мардуми Ғазза таъкид кард.
Ба гузориши сойти Khamenei, оқои Исмоил Ҳаниа, раиси дафтари сиёсии Ҳамос ва ҳайати ҳамроҳ, бо Оятуллоҳ Хоманаӣ, дидор карданд.
Раиси дафтари сиёсии Ҳамос дар ин дидор, гузорише аз охирин таҳаввулоти Ғазза ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Ғазза ва ҳамчунин таҳаввулоти каронаи Бохтарӣ баён кард.
Бар пояи ин гузориш, Оятуллоҳ Хоманаӣ низ бо қадрдонии муҷаддад аз сабр ва истиқомати мардуми устувори Ғазза ва изҳори таассуфи шадид аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ, ки бо ҳимояти мустақими Омрико ва бархе кишварҳои ғарбӣ анҷом мешавад, бар сиёсати ҳамешагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳимоят аз нерӯҳои муқовамати Фаластин дар муқобили ишғолгарони саҳюнист таъкид кард.
Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳамчунин лузуми таҳарруки ҷиддии кишварҳои исломӣ ва маҷомеъи байналмилалӣ ва ҳимояти ҳамаҷониба ва амалии давлатҳои исломӣ аз мардуми Ғаззаро мавриди таъкид қарор дод.
(Акс аз оршив)
Қаламонлайн