Дидори Ҷулонӣ ва Натонёҳу дар ояндаи наздик

Дидори Ҷулонӣ ва Натонёҳу дар ояндаи наздик

Байналмилал

Як мақоми сурӣ аз дидори Ҷулонӣ ва Натонёҳу дар ояндаи наздик хабар дод

Як мақоми исроилӣ гуфт, гуфтугӯҳои маҳрамонаи Димишқ ва Телавив барои дастёбӣ ба як тавофуқи амниятӣ вориди марҳилаи ҷадиде шуда ва дар ояндаи наздик, дидори мустақим миёни олитарин мақомоти тарафайн баргузор мешавад.

Ба гузориши шабакаи исроилии i24news, ин музокирот тайи ҳафтаҳои ахир ба марҳилае расида, ки эҳтимоли имзои тавофуқ дар ояндаи наздик афзоиш ёфтааст.

Манбаи сурии наздик ба Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ, саркардаи шӯришиёни Сурия, ба i24news хабар додааст, ки масири музокирот шоҳиди “пешрафти муҳимме” буда ва ҳатто имкони баргузории як нишасти олирутбаи сурӣ–исроилӣ дар яке аз кишварҳои урупоӣ вуҷуд дорад; нишасте, ки мумкин аст ба имзои расмии тавофуқ мунҷар шавад.

Ин манбаъ, нақши Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрикоро дар пешбурди ин музокирот “калидӣ” тавсиф карда ва гуфтааст, ки тавофуқи эҳтимолӣ танҳо ба тамҳидоти амниятӣ маҳдуд нахоҳад буд ва мумкин аст шомили як пайвасти диплумотик низ бошад.

Ба гуфтаи манбаи ёдшуда, баид нест имзои ин тавофуқ дар дидоре мустақим миёни Абӯмуҳаммад Ҷулонӣ ва Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил анҷом шавад.

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Омодагии Ӯзбекистон барои фатҳи кайҳон
Озодии Маҳмадрӯзӣ Искандаров пас аз 21 сол

Матолиби пурбоздид