Диндорӣ яъне ҳамоҳангӣ

Диндорӣ яъне ҳамоҳангӣ
Маърифат
Диндорӣ, яъне ҳамоҳангӣ бо ҷаҳон, бо пиромун, бо каҳкашонҳо, бо сайёраҳо, бо офтобу маҳтоб…
Зеро ҳамаи инҳо фармонбардори холиқашон ҳастанд. Танҳо фарқе, ки бо мо, инсонҳо доранд, дар ин аст, ки Худованди холиқ барои мо, инсонҳо ихтиёр дода ва онҳо аз ихтиёр маҳруманд. Онҳо маҷбур офарида шудаанд.
Офтоб, дар ҳаракате, ки дорад, фармонбардори холиқаш аст, ӯ як миллиметр ба ин сӯ ё он сӯ хилофи он чи холиқаш барои вай тарсим карда наметавонад ҳаракат кунад.
Аммо Худованди холиқ барои ману шумо ихтиёр дода; ӯ фармуда, ки раҳат ин аст, фақат гуфта, вале маҷбурамон накарда, ки он роҳро бипаймоем. Фармуда, раҳат ин аст, ки агар паймудӣ, саодати ту дар он аст, аммо агар напаймудӣ, ман туро маҷбур намекунам, ки ба он биравӣ, фақат ҳаминро бидон, ки хилофи роҳи Худо паймудан яъне шақоват, яъне бадбахтӣ, яъне дӯзах.
Албатта, ин бартарии мо, инсонҳо ҳатто аз фариштаҳост, ки дар паймоиши роҳ мухторем.
Мо маҷбур офарида нашудаем мисли офтобу маҳтоб.
Мо ихтиёр дорем.
Ва ин, бартарӣ ва фазилати мо, инсонҳост.
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Фосилаҳо
Осонтарин ва душвортарини корҳо кадом аст?

Матолиби пурбоздид