Диоген – файласуфи девона ё девонаи файласуф?

Таърих

Диоген – файласуфи девона ё девонаи файласуф?

Машоҳир ва номоварон

Диоген (Διογένης ὁ Σινωπεύς = Диоген Синопский – Дюжен) ҳудуди 320 сол қабл аз мелод ба дунё омадааст. Бо ин ки шахсияти файласуфро надошт, вале дар зумраи файласуфон ҷой мегирад. Мегӯянд ӯ шогирди шогирди Суқрот буда, аммо баъид аст чунин шахсе аслан барои як лаҳза ҳам, ки шуда ба фикри дарсу машқ буда бошад.

Ҳамчунон, ки дар зиндагии ӯ ‏бозигӯшиҳояш фаровон аст. Аз шонси бади Афлотун, Диоген ҳамдавра бо ӯ буд. Як рӯз Онтис (Ἀντισθένης = Антисфен) — шахсе, ки ба дунболи Суқрот дар кӯча ва хиёбон роҳ меафтод ва муриди ӯ ба шумор мерафт, дар ‏килос машғули тадрис буд, ки Диогени ҷавон худро ба даруни килоси ӯ партоб кард. Аз он ҷое, ‏ки Онтис ба шогирдонаш адаб ёд надода буд, ҳама шурӯъ карданд ба масхара кардан ва фаҳҳошӣ ба Диоген ва ба ӯ гуфтанд: “Эй саг, ‏берун рав!”, вале Диоген гуфт: “Бизанед ҳам, намеравам. Тоза, аз ин вожае, ки ба кор бурдед, нороҳат, ки намешавам ҳеч, хушмам меояд.”

Аз онҷо ба баъд буд, ки ба ӯ “Калбимаслак” (Сагмаслак) гуфтанд ва тарафдоронаш ҳам фалсафаи ӯро “Калбӣ” ном ниҳоданд. Хулоса, устод иҷоза ‏дод, то ӯ онҷо биншинад ва баъд устод ҷумлае гуфт, ки Диогенро мутаҳаввилу дигаргун кард: “Бикӯш, то худатро бишносӣ ва бар худат мусаллат гардӣ.” Гарчӣ ин ҷумла имрӯзҳо хеле содда ба назар мерасад, аммо он ‏замон хеле ҷумлаи амиқе маҳсуб мешуда, ки Диогенро мутаҳаввил кардааст.

Ба ӯ Суқроти девона ҳам мегуфтанд. Чун шуғли хоссе ‏надошт ва бо либоси кӯҳнаву пора, ба монанди Суқрот, ба саргарм кардани мардум дар кӯчаву хиёбон машғул буд, аммо тарзи тафаккураш барои ‏андешамандон ҷолиб шуд.

Диоген хондани адабиёт, гӯш додан ба мусиқӣ ё фикр кардан ба чизҳои дунявиро ҳамоқати маҳз ва вақт ‏талаф кардан медонист. Ӯ мӯътақид буд, касоне ки либоси зебо мепӯшанд, барои лаззат бурдани дигарон ин корро анҷом медиҳанд. Ӯ ҳеч ‏чиз бо худ надошт. Ҳатто вақте дид, ки писарбаччае бо даст об мехӯрад, косаи худро дур андохт. Тобистон дар ташти об ‏мехобид ва зимистон саъй дошт, то ба сармо одат кунад. Осмонро сақфи хона ва хонаи худро тамоми вусъати замин медонист. ‏Эътиқод дошт, ҳамин ки инсон битавонад нафас бикашад ва озодӣ дар ҳарфу рафтораш дошта бошад, кофист ва ниҳояти истифодаро аз ‏зиндагӣ бурдааст.

Рафтори ҳамаро ҳам масхара мекард. Ҳатто Афлотун, ки гуфта буд “инсон мавҷуде дупои бидуни пар аст”, як рӯз Диоген ‏мурғеро пар канд ва боз парид дохили килоси Афлотун ва мурғро рӯи миз парт кард ва гуфт: “Инсони Афлотун ин аст! Гӯлашро нахӯред.”

Ё нақл аст, рӯзе Искандари Мақдунӣ аз канори Диоген, ки ба дарахт такя дода буд, гузар мекард. Ба Диоген гуфт: “Эй мағзи ‏мутафаккир! Биё, бо ҳам биравем ҷанг.” Диоген гуфт: “Барои чӣ?” Искандар гуфт: “Барои он ки тамоми дунёро бигирем.” Диоген гуфт: “Ва баъдаш?” Искандар гуфт: “Баъд биёем ва истироҳат кунем.” Диоген ҳам посух дод: “Чаро ҳамин алъон намеойӣ истироҳат кунӣ? Ҷангро бигузор канор.” Искандар гуфт: “Чӣ посухи ҳакимонае. Вале бояд биравам. Хостае аз ман дорӣ?” Диоген ҳам, чун фаҳмида буд Искандар мағзаш ‏дуруст кор намекунад, гуфт: “Оре, бирав канор, бигузор аз шуъоъи офтоб баҳра бибарам, ки ту алъон монеъи ман ҳастӣ.”

Диоген гарчӣ ба монанди девонаҳо буд, аммо баҳлулвор саъй дошт мантиқи худро дар мағзи ҳама фурӯ кунад. Диоген дар воқеъ ҳеч таъаллуқи хотире ба дунё ва ҳавоиҷи он надошт. Ӯ саъй мекард содда ‏бипӯшад, содда бихӯрад ва ҳар кореро, ки дӯст дорад, албатта ба шарте, ки дарду ранҷеро ба ӯ таҳмил накунад, анҷом диҳад. Ва дунболи ‏пулу шӯҳрату мақом ҳам набуд, чун ба эътиқодаш барои инсон дарди сар меофарад. Ӯ дӯст дошт ба ҳама чиз пушти по бизанад, ‏фалсафаи Афлотун ва дунболи илм буданашро масхара кунад, сар ба сари Искандар бигузорад ва дар ҷидоли лафзӣ бо мардум кам наёварад.

Ҳар чизеро, ки гираш меомад мехӯрд ва ҳар ҷо метавонист мехобид ва ҳеч вақт эҳтиёҷе ба ҳеч чиз пайдо накард. Роҳу расми зиндагии ӯ ‏сароғозе муҳим барои ду мактаби бисёр муҳимми Равоқиён ва Эпикуриён шуд.

Манбаъ: “Шаҳрванд”

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

 

 

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Сайидҳасан Насруллоҳ: “Ҷинояти ҳавлноки Рафаҳ бояд боиси бедории онҳое шавад, ки сокитанд”
Танҳо роҳи наҷоти Исроил аз фурӯпошӣ ба ривояти женероли саҳюнист

Матолиби пурбоздид