Достони марди мусофир

Таърих

Достони марди мусофир

Мактаби инсоният

Танҳо бозмондаи як киштии шикаста, ба ҷазираи кучаки холӣ аз сакана уфтод.

Ӯ бо диле ларзон дуо кард, ки Худо наҷоташ диҳад… Аммо касе ба суроғаш намеомад.

Саранҷом, ноумеду хаста, барои худ аз тахтапораҳое кулбае сохт, то худро аз газанди ҳайвоноти ваҳшӣ муҳофизат кунад ва дороиҳои андакашро дар он нигаҳ дорад.

Аммо рӯзе, ки барои ҷустуҷӯи хӯрок берун рафта буд, ба ҳангоми бозгаштан, дид, ки кулбааш дар ҳоли сӯхтан аст ва дуде аз он ба осмон меравад.

Аз шиддати хашму андӯҳ фарёд зад:

— Худоё! Чӣ тавр розӣ шудӣ, бо ман чунин коре кунӣ?

Субҳи рӯзи баъд, бо садои киштие, ки ба соҳил наздик мешуд, аз хоб парид. Киштие омада буд, то наҷоташ диҳад.

Марди хаставу ноумед аз наҷотдиҳандагон пурсид:

— Шумо аз куҷо фаҳмидед, ки ман ин ҷо ҳастам?

Онҳо ҷавоб доданд:

— Мо дидем, ки ту оташе рӯшан кардаӣ ва бароямон паём мефиристӣ.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Некӣ ба ҳамсоя
Намоз дар биҳишт

Матолиби пурбоздид