Достони шайтон

Адаб

Достони шайтон

Шайтон каноре нишаста буд.
Пурсиданд:
– Барои чӣ бекор нишастаӣ? Бани Одам нисфи рӯзи худро бе ту гузарондаанд…
Гуфт:
– Худро бознишаста кардаам, пеш аз мавъид (вақт).
Пурсиданд:
– Ба роҳи адлу инсоф бозгаштаӣ ё тавқи бандагии Худо бар сина задаӣ?
Гуфт:
– Ман дигар он шайтони тавонои собиқ нестам. Дидам, ки инсонҳо он чиро ман шабона ба даҳҳо васваса, пинҳонӣ анҷом медодам, рӯзона ба садҳо дасиса ошкоро анҷом медиҳанд. Инонро ба шайтон чӣ ниёз аст?
Шайтон дар ҳоле, ки басоти худро бармечид, зери лаб гуфт:
– Он рӯз, ки Худованд гуфт, бар Одам саҷда кун, намедонистам, ки насли ӯ дар зиштӣ ва дурӯғ ва хиёнат то куҷо метавонанд пеш бираванд, вагарна дар баробари Одам ба саҷда мерафтам ва мегуфтам, ки: ҳамоно ту худ падари шаётинӣ!
(Латоиф ва зароиф)
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Аз кӣ бояд бештар тарсид?
Ваҳдати исломӣ дар Қуръони Карим

Матолиби пурбоздид