Дуввумин амалиёти зидди саҳюнистии муқовамати Баҳрайн тайи як ҳафта
Ахбори байналмилал
Гурӯҳи муқовамати исломии Баҳрайн (шанбе, 4 май) бо интишори баёнияе, аз дуввумин амалиёти паҳподӣ алайҳи як ҳадафи саҳюнистӣ дар бандари ишғолии Илот хабар дод.
Ба гузориши Ирно, гурӯҳи муқовамати “Сароё Ал-Аштар” дар Баҳрайн дирӯз бо интишори баёнияе, масъулияти ҳамлаи паҳподӣ ба як ҳадафи ҳаётӣ дар шаҳри ишғолии Уммуррашрош (Илот)-ро бар ӯҳда гирифт.
Ин гурӯҳи муқоваматӣ эълом кард, ки то замони таваққуфи ҷанг ва муҳосираи навори Ғазза, ба амалиётҳои худ алайҳи мавозеи режими саҳюнистӣ идома хоҳад дод.
Гурӯҳи муқовамати исломии Баҳрайн, барои нахустин бор рӯзи панҷшанбе буд, ки бо интишори як навор аз ҳамлаи паҳподӣ ба сохтмони ширкати ҳамлу нақл дар бандари Илот хабар дод.
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: